shoh palace
СОБИҚ ШАҲРДОРИ КӮЛОБРО ДУБОРА БА СИЗО БУРДАНД!
1727

Сомонаи «pressa.tj» дар такя ба хешовандони Баҳром Иноятзода, собиқ шаҳрдори Кӯлоб, ки дастгир шудааст, хабар медиҳад, ки баъди аз аз шифохона ба боздоштгоҳ интиқол ёфтанаш дубора вазъи саломатии ӯ бад шудааст.

Сомонаи “Оила” рӯзи 17 июн иттилоъ дода буд, ки Иноятзодаро пас аз мубтало шуданаш ба коронавирус дар Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб бистарӣ карданд. Сироятшавии Иноятзода ба вируси COVID -19 рӯзи 4 июн тасдиқ шуда буд.

Муҳаббат Иззатова, хоҳари Иноятзода дар суҳбат бо мухбири мо гуфт, ки замони дастгиркунии бародараш ҳарорати ӯ 38-39 буд. Ба гуфти хоҳари ӯ бародараш фишори баланд ва бемории қалб дорад.

Манбаъҳои расмӣ гуфтанд, бо далели беҳтар шудани вазъи саломатиаш ӯро дубора ба СИЗО ё боздоштгоҳи муваққатӣ бурданд. Ба гуфти як манбаъ дар мақомоти интизомӣ “ҳафтаи гузашта Баҳром Иноятзода се рӯз гуруснанишинӣ кард”. Манбаъ мегӯяд, раиси собиқи Кӯлоб бо ин восита хост, ки баъзе айбҳо аз парвандааш берун карда шуда, худаш бо табобати дуруст фаро гирифта шавад. Парвандаи ӯро муфаттишони Прокуратураи вилояти Хатлон таҳқиқ доранд.

Иноятзодаро ба он муттаҳам мекунанд, ки гуё барои додани қитъаи замин ба сокинон 400 ҳазор сомониро ҳамчун “пора” гирифтааст.

Мақомоти Тоҷикистон Иноятзодаро барои «маҳз дағалона вайрон кардани талаботи қонунгузории замин» ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Баҳром Иноятзода 1 декабри соли 1960 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (он замон Институти политехникии Тоҷикистон) - ро бо ихтисоси архитектураи биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ хатм кардааст. Иноятзода солҳои 2014 - 2017 – муовини раиси вилояти Хатлон, аз соли 2017 раиси шаҳри Истаравшан буд ва аз моҳи майи соли гузашта раиси шаҳри Кӯлоб таъин гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД