Commerce bank may-june 2026
Собуни тилоӣ
21.06.2026
Oila.tj
62

Дар Ливан собуни қиматтарини дунё истеҳсол гардид. Ин пораи собун 160 грамм вазн дошта, 2800 доллари амрикоӣ арзиш дорад.

Зоҳиран собуни тилоӣ аз дигар собунҳо фарқияте надораду бӯяш ҳам хуш аст. Собун аз 5 грамм кубидаи тило ва 17 грамм алмос тайёр шудааст. Ин собун Катар ном дошта, дар яке аз лабораторияҳои шахсии тоҷирон сохта шудааст. Тавре истеҳсолкунандагон мегӯянд, чунин собун барои ботароват гаштани пӯсти рӯй муфид аст.

Дар қатори тилову бриллиант ба собун зиёда аз 11 намуд равғанҳои фоиданоки гиёҳӣ омехта гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД