sebiston july new
Соҳибкорони тоҷику кореягӣ ҷамъ омаданд
246

Имрӯз аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар меҳмонхонаи "Ҳаят Реҷенсӣ" - и шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Корея оғоз гардид. Дар ин бора мухбири "Oila" иттилоъ дод.

Форумро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсон, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, раиси Палатаи савдо ва саноат Ҷамшед Ҷумъахонзода ва роҳбари ҳайъати сармоягузорони Корея бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуданд.

Дар форуми мазкур беш аз 150 нафар аз ҳарду ҷониб иштирок намуда, дар доираи он ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, хӯрокворӣ, сайеҳӣ ва ғайраҳо муаррифӣ карда мешаванд ва лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ҳадаф аз баргузории форуми мазкур пайдо намудани шиносоии сармоягузорони кореягӣ аз фазои сармоягузорӣ ва имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин густариши равобити тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақим миёни бахши хусусии ду кишвар, ҳамчунин тавассути сармоягузорӣ ба ҷумҳурӣ бунёд намудани корхонаҳои истеҳсолӣ ва саноатӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД