goodwell
Соҳилмустаҳкамкунӣ. IRS дар ин самт низ фаъолу масъулиятшинос аст
25

Нигоҳдории роҳ амали гуногунҷанба мебошад, ки ҳар яке нозукиҳои худро дошта, дар сурати риоя нагардидан пайомадҳои ногувор хоҳад дошт. Барои мисол, агар соҳилмустаҳкамкунӣ сари вақт ва бо истифода аз техникаҳои пуриқтидор амалӣ нагардад, осеб дидани роҳ дар натиҷаи баланд шудани сатҳи об аз эҳтимол дур нест.

Дар фаслҳои баҳору тобистон баландшавии сатҳи оби ин дарёҳое, ки дар канори роҳи Душанбе – Чаноқ пвоқеъ мебошанд, маъмул буда, аз ин лиҳоз дар минтақаҳои Варзобу Зарафшон баъзе қисматҳои роҳ зарари ҷиддӣ мебинанд. Дар ин замина, ҳамчунин, ҷӯйборҳои канори роҳ пурсангу лой шуда, дар сурати сари вақт тоза накардани онҳо муҳлати истифодаи роҳ коҳиш хоҳад ёфт.

Кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки муҳимияти масъалаи мавриди назар фаъолияташонро дар ҳама самт, аз ҷумла, соҳилмустаҳкамкунӣ вусъат бахшида, бо истифода аз техникаҳои пуриқтидор корҳои зиёдеро ба сомон расониданд. Рӯзҳои охир дар қитъаҳои зиёди роҳи Душанбе – Чаноқ корҳои марбут ба соҳилмустаҳкамкунӣ тавсеа ёфта, ин амал бо истифода аз техникаҳои пуриқтидор, масолеҳи босифати сохтмонӣ сурат гирифт.

Иқдоми мазкур муҳиму саривақтӣ буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои рисолат собитқадам буда, бо дарки масъулият фаъолияти хешро пеш мебарад.

1_38

Моҳиятан роҳи музднок роҳест, ки ширкат барои нигоҳдориаш муваззаф буда, ҷиҳати ҷавобгӯи талабот будани он масъулият дошта, дар ин самт бояд аз имконоти дар ихтиёрдоштааш самаранок истифода намояд. Маъмулан ҳукумати кишварҳои рӯ ба рушд дар заминаи татбиқи чунин лоиҳаҳо, ки аксар маврид бо ҷалби сармояи хориҷӣ амалӣ мешаванд, ҳолати роҳҳоро беҳтар менамоянд. Бояд дарк намуд, ки талабот ва усули иситифодаи чунин тарзи кор (манзур ҷорӣ намудани низоми толлингии истифодаи роҳҳо аст) дар ҳар кишвар махсусияти худро дорад. Дар маҷмӯъ, гузариш ба истифодаи пулакии роҳ дар шароити тавсеаи муносибатҳои иқтисоди бозорӣ падидаи маъмул ва амри муқаррарӣ буда, набояд боиси нигаронӣ шавад.

Баъзеҳо ҳоло низ иддао мекунанд, ки бидуни мавҷудияти роҳи алтернативӣ ҷорӣ намудани низоми толлингӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи матлаб нест. Вале роҳи Душанбе – Чаноқ аз лиҳози релефи ҷойгиршавӣ махсусиятҳои худро дорад, ки мавҷудият ва истифодаи роҳи алтернативиро зери суол мебарад. Дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр эъмор намудани роҳи ба истилоҳ «алтернативӣ» мантиқан ва моҳиятан зери суол аст. Дар он сурат барои мавҷудияти роҳи пулакӣ чӣ зарурат мемонад?

Сониян, бунёди роҳи алтернативӣ, хоса масири Душанбе - Чаноқ, ки аз минтақаи релефаш душвори кӯҳистон мегузарад, кори саҳлу сода нест. Муҳимтар аз ҳама, нигоҳдории роҳи «алтернативӣ» низ хароҷоти қобили мулоҳиза дошта, сарбории масрафи маблағҳои буҷавиро зиёдтар менамояд. Мантиқан пулакӣ шудани роҳ низ ба хотири сарфа намудани маблағҳои буҷети давлат ва минбаъд равона намудани он ба самтҳои дигар, аз ҷумла пардохти қарз, амалӣ шудааст.Ба ибораи дигар, дар заминаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ин вазифа (нигоҳдории роҳ) ба зиммаи дувумӣ вогузор гардид.

Дар давоми 16 соли фаъолият мардум боварӣ ҳосил намуданд, ки пули барои истифодаи роҳ пардохтнамуда барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Дар ин муддат собит шуд, ки пулакӣ кардани ин роҳ тадбири оқилона буда, пеш аз ҳама, барои беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар дахл дорад.

Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД