Суғд: барои даври вилоятии озмуни "Шоҳномахонӣ" беш аз 404 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд
09.01.2026
Oila.tj
31

Қарори навбатии раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода "Дар бораи ташкил ва гузаронидани даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” ба тасвиб расид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, тибқи қарор даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2026 дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ баргузор мегардад. Ҳадафи озмун тарғиби мероси бузурги адабии халқи тоҷик, эҳёи худшиносии миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва завқи адабии ҷомеа, бахусус ҷавонон мебошад.

Озмун аз рӯи шаш гурӯҳ ва як номинатсия доир гардида, дар он хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4), хонандагони синфҳои 5-8 ва 9-11, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабӣ ва эҷодӣ, кормандони соҳаҳои фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳо, инчунин калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок менамоянд.

Ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мутаносибан 10 000, 6 000 ва 4 000 сомонӣ мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст. Барои баргузории даври вилоятии озмун 404 ҳазору 240 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД