sebiston july new
Суғд: Кӯдаки 3-сола ба деги шир афтида сӯхту....
671
no-img



Бино ба гузориши ТВ СМ-1 дар шаҳри Хуҷанд рӯзи гузашта як кӯдаки сесола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба деги шири пухтаиистода афтода ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст.

Волидонаш баъди се соати ҳодиса ӯро ба Беморхонаи шаҳрии №1 шаҳри Хуҷанд овардаанд. Вақте кӯдак ба шӯъбаи Эҳёгарии беморхонаи марзкур интиқол ёфт 55%-и баданаш сӯхта, илова бар ин 20%-и бадани кӯдак сӯхтаи чуқур доштааст.
Табибон барои наҷоти кӯдак тамоми талошҳоро кардаанд, аммо баъди се рӯзи мубориза кӯдак вафот кардааст. Духтурони шӯъба якум сабаби аввали марги кӯдакро дар дер овардан ба беморхона ва сабаби дуюми бо фоҷиа анҷом ёфтани ин ҳодисаро дар зиёд будани фоизнокии сӯхтагии баданаш медонанд. Тавре яке аз табибон ба ТВ СМ-1 гуфтаанд, узви таносул, ду пой, шикам ва тахтапушту ду дасти кӯдак сӯхтааст.
Боз як кӯдак дар деги суманак афтод ҷон дод
Ҳодисаи ба даруни деги хӯрок ё шир афтода фавтидани кӯдакон дар Суғд бори якум нест. 21-уми марти соли 2018 дар арафаи ҷашни Наврӯз дар шаҳри Истаравшан Рустамбек Қодирова 4 сола низ ба деги суманак афтода бо сӯхтани 75%-и бадан дар Беморхонаи шаҳри Истаравшан баъди шаш шабонарӯзи муборизаи духтурон барои наҷот кӯдак фавот карда буд.
Агар дар ду мисоли болоӣ кӯдакон аз беназоратии волидон сӯхта ба ҳалокат расида бошанд, наздики як сол пеш дар деҳаи Хишекати ноҳияи Деваштич Сайиднисо Шодиева, як зани 36-сола аз беэҳтиётӣ нисбати худ сӯхта ба ҳалокат расида буд. Ин зан 24-уми ноябр барои оташ гирондар дар оташдон аз сӯзишвории бензин истифода мекунад. Вақте ки зан бензинро ба оташдон мепошад, либосаш низ каме олуда гашта, баъди гирон кардани оташ саропояш якбора оташ мегирад. Вақте зан мебинад ки либосҳояш сӯхта истодаанд ба ҳавлӣ медавад, то навзидконаш ба ӯ кӯмак кунанд. Шавҳараш барои хомуш кардани оташ ӯро ба курпа мепечонад ва аз деҳаи дурдаст ба Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич меорад.

Айни ҳол 15 нафар сӯхтагон дар шӯъбаи сӯхта бистариянд
Бино ба гуфти духтурони шӯъбаи сӯхтаи Беморхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд ҳолати фавт аз сабаби сӯхтан дар давоми 9 моҳи соли равон якумин ҳодиса мебошад. Айни замон дар шӯъбаи эҳёи ин беморхона 3 нафар сӯхтагон, ки ду нафарашон кӯдакон ҳастанд, табобат мегиранд ва ҳолаташон вазнин арёбӣ мешавад. Ин кӯдакон яке 10 моҳаю дуюмӣ 6 сола будаанд. Як зан низ аз ҷироҳатҳои зиёди сӯхтагӣ табобат гирифта истодааст.
Дар маҷмуъ айни замон дар шӯъбаи сӯхтаи беморхонаи № 1-и шаҳр 15 нафар табобат гирифта истодаанд. Ба гуфтаи масъулини шӯъба дар давоми соли равон 189 нафар осебдидагони сӯхта ба қайд гирифта шудаанд, ки 70%-ашонро ноболиғон ташкил медиҳанд.
Бештари онҳое, ки бо аломати сӯхтагӣ муроҷиат мекунанд, сокинони минтақаҳо мебошанд-аз ҷумла ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Деваштич. Мувофиқи омори онҳо 70%-и сӯхтагонро ноболиғон ташкил медиҳанд, ки ин хеле ташвишовар аст.
Фасли зимистоназ ҷиҳати сар задани ҳодисаи нохуши сӯхтор ва осеб дидани кӯдакон аз сӯхтан “фасли осебпазир” арзёбӣ мешавад. Аз ин лиҳоз духтурон аз ҳама волидоне, ки кӯдакони ноболиғ доранд, даъват ба амал меоранд, ки дар фасли сармо кӯдаконро беназорат намонанд. Чойник (термос, тефал) ва дигар таҷҳизотеро, ки дар он оби ҷӯш вуҷуд дорад, дар ҷойҳои барои кӯдакон дастнорас нигоҳ доштан лозим аст.
Сардухтури “журналистбезор” чӣ гуфт?
Сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич Каромат Саидова, ки одатан ҳамеша саволҳои журналистонро беҷавоб мемонад ва аз сӯҳбату додани иттилоъ канорҷуӣ мекунад, ба мо бо як ҷумла ҷавоб дод:
-Мо наметавонам дар ин бора гап занем. Ин кори мақомот аст! 85%-и бадани бемор, ки сӯхт, маълум, ки ҳолаташ вазнин.

Сайиднисою Бибизуҳро сухтанд, аммо...

Умуман дар вилояти Суғд мувофиқи маълумоти омори ҳодисаҳои нохуши бо роҳӣ худсузию худовезӣ даст ба худкушӣ задани занон зиёд аст. Ҳодисаи ба Шоиева рухдодаро масъулини ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ҳам тасодуф арзёбӣ карданд. Аммо соли 2016 айнин мисли Сайиднисо Бибизуҳро ном зан дар ноҳияи Мастчоҳ сӯхта буд, ки баъди ҳафтае дар шӯъбаи эҳё бистарӣ будан риштаи умраш канда шуд. Фарқи ин ду ҳодиса дар он аст, ки ҳодисаи ба сари Сайиднисо омада тасодуф аст, аммо Бибизӯҳро Зиёваддинова, ҷавонзани 31-сола, сокини ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ бо роҳи худсӯзӣ даст ба худкушӣ зад. Зан гирифтори хушунати оилавӣ будааст ва ба ҷангу ҷанҷолҳои доимӣ тоб наоварда даст ба худсӯзӣ мезанад. Бибизуҳро ҳам мисли Сайиднисо баъди сӯхтани 90%-и баданд ба беморхона интиқол шуда буд. Вақте даст ба таҳлили ҳодисаи худкушии Бибизуҳро задем, мудири бахши Кор занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ, Сайидпочо Ҳофизова гуфта буд: “Бино ба гуфти духтурони беморхонаи марказии ноҳия ҷабрдидаро дар ҳоле ба беморхона дастрас кардаанд, ки беш аз 90%-и қисмати бадани ӯ сӯхта нобуд шуда буд. Мувофиқи санади тартибдода мо марҳум Бибизӯҳро зери хушунат ва ҷанҷолу зӯроварии натанҳо хушдоман, балки хоҳаршӯй (аз шавҳар ҷудо шуда дар хонаи падар зиндагӣ мекунад) ва додаршӯяш монда, зиндагии сангин доштааст.
“Масълаи ба хушунати сахти оилавӣ гирифтор будани марҳум Бибизӯҳро ҳам ба мо-кормандони бахши кор бо занон ва оила, ҳам ба раис ва дигар кормандони ҷамоат маълум буд. Марҳум соли 2016 оид ба ранҷу азобҳои аз ҷониби хушдоман ва аҳли оилаи шавҳар медидааш ба мо муроҷиат карда буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз сабаби пайваста зери таънаву ҷанҷоли хушдоман, хоҳаршӯй мушту лагади додаршӯй мондан, дигар тоб наоварда ба хона падар рафта буд. Замоне, ки ба хона падар рафт, умуман шикоят аз шавҳараш надошт ва баръакс ӯро тарафдорӣ карда мегуфт, ки ҳамсарам одами бад не, аммо дар он хона барои ман рӯз нест. Барои ин гапаш мисолҳо ва далелҳои зиёд низ дошт. Хуллас, дар хонаи падар 5 сол бевавор зист, бо вуҷуди аз шавҳар ҷудо набудан. Шавҳараш, ки ба гуфти худаш озор намедод, дилаш намешуд аз вай ҷудо шавад, ҳатто вақти сӯҳбат гуфта буд, ки барои ятим нашудани духтарам ва беозор будани шавҳарам ба ҳамааш тоқат мекардам. Ҷанҷоли ҳаррӯзаи хушдоманам бароям як чизи табиӣ шуда, ман ба ҳамон муҳит одат карда будам, вале таънаҳои тагдори қайсингилам ва мисоли туби футбол маро лагадборон кардани додаршӯям болои сӯхта намакоб гашта, косаи сабрам лабрез шуду ба хонаи падарам баргаштам”-нақл карда буд мудири бахши Кор занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ, Сайидпочо Ҳофизова.
Бо тағйир ёфтани вазъи сиҳатии Сайидшо Шодиева хонандаи азизро огоҳ хоҳем кард!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД