sebiston july new
СУҒД: СОҲИБХОНА БАРОИ 650 СОМОНӢ МЕҲМОНАШРО КУШТ!
5449

Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз боздошти Ҷӯраев Муҳаммади 38 - сола хабар дод. Ӯ дар қатли бераҳмонаи як нафар муттаҳам мешавад.

Бино ба иттилои сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд Муҳаммад Ҷӯраев, сокини ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рафиқи 32  - солааш Рустам Юнусовро ба қатл расонидааст. Ҷинояти мазкур рӯзи 21 октябр, тахминан соатҳои 17:00 дар хонаи боздоштшуда сар задааст.

Ба иттилои манбаъ Муҳаммад Ҷӯраев ва Рустам Юнусов мардикор буда, бо ҳам ошноӣ дошта, дар хонаи Муҳаммад мегаштаанд. Соҳибхона Муҳаммад аз ҳисоби фурӯши оҳанпора 650 сомонӣ ба даст овард ва барои дастархонороӣ ба мағоза рафт. Баъди бозгашт огоҳ шуд, ки меҳмонаш маблағи пинҳонкардаи ӯро гирифта, аз манзили истиқоматӣ берун рафтааст.

Зимни бозпурсӣ Муҳаммад Ҷӯраев гуфт, баъди ин ҳодиса онҳо як моҳ пас вохӯрдаанд ва аз рафиқаш хостааст, ки пулро баргардонад, аммо ӯ бо таҳдид гуфтааст, ки боз як бори дигар пурсад, худашро куштаву хонаашро чаппа мекунад. “Дигар гап назадам ва мақсади куштор дар сарам пайдо шуд. Бо истифода аз табар ин амалро анҷом додам”,- гуфт боздоштшуда.

“Чун даъвои барқарор кардани зарар натиҷа надод ва кор дар мардикорбозор низ омад накард, ҳарду машруботи спиртӣ нӯшидаву барои шабро рӯз кардан ба хонаи Муҳаммад Ҷӯраев омадаанд”, - мегӯяд манбаъ.

Дар хабар гуфта мешавад, ки дар хонаи Ҷӯраев баҳси 650 сомон боз сар мезанад, ки ин маротиба соҳибхона ба таҳдидҳои меҳмон нигоҳ накарда, ӯро бо табар зада ба қатл мерасонад. Рӯзи дигар ӯ ҷасадро дар ҳезумхона пинҳон карда, ба хабаргирии хоҳаронаш рафта, ҳодисаро ба онҳо нақл мекунад. Дар идома хоҳарон нозири минтақавиро аз ҳодисаи рухдода огоҳ мекунанд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гашта тафтишот идома дорад, афзудааст манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД