Судяи Суди вилояти Суғд Шарифзода Бадриддин Нуриддин дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ (ҳудуди ноҳияи Варзоб) фавтидааст.
Бино ба иттилои пайвандони марҳум, ҳодиса имрӯз, 21-уми август рух додааст.
Гуфта мешавад, ки ҷанозаи марҳум субҳи 22-юми август (соати 9) дар зодгоҳаш - деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент баргузор мегардад.