Базми наврӯзи дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе имсол рӯзи 21-уми март, соати 04:00-и субҳ оғоз ёфта, дар «Боғи Ғалаба»-и пойтахт гулхани наврӯзӣ афрӯхта мешавад ва маросими суманакпазӣ доир мегардад.
Соати 06:00 корвони наврӯзӣ бо иштироки Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор аз чор дарвозаи пойтахт ворид шуда, ба сокинону меҳмонон муждаи фарорасии Соли нави аҷдодиро бо нидоҳои нишотангези «Нашунидам нагӯед, Наврӯз омад! Наврӯз боз ба Ватани хеш омад!» мерасонанд.
Бино бар хабари Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо мақсади таҷлили сазовори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахт як силсила барномаҳои бошукуҳи наврӯзӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мегарданд.