arzon replenishment
Сураҳои Қуръонро дар бадани занҳо менавиштаанду...
486

 

Дар вилояти Хатлон зиёда аз 50 нафар ҷодугару фолбинҳоро ошкор кардаанд. Дар ин бора милитсияи Хатлон хабар додааст.

Аз ҷумла Юлдошев Раҳим (Қорӣ-Бобо), Саломов Назрулло, имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи «Усмони Зиннурайн», Ибрагимов Ҳалим, Қараева Салима, Сангова Оимгул ва Сижоатиов Ҳабибулло, муаззини масҷиди ба номи «Ҳазрати Умар», сокинони ноҳияи Вахш, Холбоев Намозалӣ, сокини Ёвон, Сафарова Ҳабиба, зодаи ноҳияи Муъминобод, Сафарова Ашурой, Одинабеков Умар, Менглиматова Бибитурсуной, Каримов Маҳмасаид, Сандарова Ашурой, сокинони ноҳияи Панҷ, Алтиев Тоштемир, зодаи ноҳияи Носири Хусрав, Абилфайзова Фирӯза, Норбутаева Зумрат, сокинони ноҳияи Шаҳритус, Ғуломов Саид ва Муҳтоҷова Муҳиба, сокинони шаҳри Левакант, Сафаров Шарофиддин, зодаи ноҳияи Фархор ва Мирзоев Сулаймон, истиқоматкунандаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар манзилҳои истиқоматиашон шаҳрвандонро қабул карда, барои “хизматрасонӣ”-и худ аз мизоҷонашон пули калон мегирифтаанд.

Гуфта шудааст, ки номбурдагон ба фолбиниву сеҳргарӣ, хунгирӣ (ҳиҷома), аловгардон, момагӣ, дамандозӣ, хаткашӣ ва навиштани ҳарфҳои арабӣ дар бадани муштариён, махсусан занон, додани таштобу тӯмор машғул будаанд.

Нисбати дастгиршудагон бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Давоми як моҳи охир дар Хатлон дар маҷмуъ беш аз 50 нафарро барои сеҳру ҷодугарӣ боздошт намуданд ва рейдҳо дар вилоят ҳанӯз идома доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД