Овозхони саршинос, примадонаи санъати тоҷик, модари ду овозхони маъруф - Шабнам ва Фарзона дирӯз падарашро аз даст дод. Дар ин бора чанд нафар аз наздикони хонаводаи овозхон иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки падари ӯ марди тақводоре буд ва аз ӯ Шоҳ Вайсиддин ном мебурданд. Марҳум замони охир аз беморӣ ранҷ мебурд ва рӯзи сешанбе, 27 декабр аз олам даргузаштааст.
Замони охир ӯ дар маҳаллаи «Сахӣ»-и н. Исмоили Сомонии пойтахт, дар наздикии боғи Ғалаба, дар минтақаи «Нагорний» умр ба сар мебурд ва ҷанозааш ҳам дар ҳамон ҷо доир шуд
Ба иттилои дарёфтӣ худи Сурайё Қосимоваро дар ҷаноза надидаанд, вале духтаронаш Шабнаму Фарзона барои видоъ бо бобояшон омадаанд.
Сурайё Қосимова 22 апрели соли 1957 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, модари 4 фарзанд мебошад. Соли гузашта хабари хонадоршавии Сурайё бо Пӯлод Шаропов ном марди аз худаш хурд шабакаҳои иҷтимоиро такон дод. Синни шавҳари нави Сурайё ҳудуди 45 гуфта мешавад, ки аз издивоҷи қаблияш се фарзанд дорад. Шаропов хонадоршавияшро бо Сурайё аз дӯстдорӣ гуфт.
Сурайё Қосимова аз издивоҷи аввалаш Шабнам ва Рӯзимоҳро таваллуд намудааст, ки Шабнам низ овозхон ва Рӯзимоҳ соҳибхоназан мебошад.
Издивоҷи дувумаш бо корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Хуршед Рабиев сурат гирифтааст, ки аз ин издивоҷ як духтар, Фарзона ва як писар, Эмомалиҷон ёфтаанд. Фарзона низ сароянда мебошад. Эмомалиҷон, писари ҷавонмарги Сурайё дар синни 16-солагӣ, 18 апрели соли 2017 аз бемории саратон вафот кард.
Аз идора: Феълан, тасдиқи ин хабар аз хонаводаи овозхон ғайриимкон аст ва бо иттилои дарёфтӣ онро бароятон расонаӣ мекунем.