Arzon march 2024
СУРАЙЁ ҚОСИМОВА БЕМОР АСТ
4115

Ба иттилои дарёфтӣ, Сурайё Қосимова, овозхони саршиноси тоҷик ва модари Шабнаму Фарзона, дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Душанбе муолиҷа мегирад.

Наздиконаш гуфтанд, ӯ дар хона аст ва танҳо барои гирифтани доруву машварати пизишкон ба бемористон меравад.

Фарзонаи Хуршед, духтари Сурайё Қосимова, рӯзи 15-уми март дар суҳбати телефонӣ бо журналистон гуфт, саломатии модараш хуб аст ва "ӯ аз фишорбаландӣ муолиҷа мегирад".
Як манбаи мӯътамад дар бемористон гуфт, овозхон тақрибан як ҳафта боз дар онҷо бо табобат фаро гирифта шудааст. Вай низ вазъи саломатии Сурайё Қосимоваро хуб арзёбӣ кард ва гуфт, “рӯзҳои наздик рухсат мешавад”.
“Ҳоло сиҳатиаш хуб аст, ягон мушкил надорад”, - гуфт ӯ. Дар бораи ҷузъиёти беморӣ пизишкон маълумоти дақиқ надоданд.

Овозхони шинохта дар гузашта низ дар шӯъбаи бемориҳои ҷигару меъдаи ин бемористон бистарӣ шуда буд. Тобистони соли 2016 матбуот дар бораи бад шудани вазъи сиҳатии ӯ хабар дод. Худи ӯ аз бемористон ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки вазъи сиҳатиаш муътадил аст ва ҷойи нигаронӣ надорад. Баъд аз он овозхонро ба Ҳиндустон барои муолиҷа бурданд.

Номи овозхони маъруф, Сурайё Қосимова, моҳи сентябри соли гузашта бо хабари издивоҷаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёде ба по кард. Ӯ дар як суҳбати кӯтоҳ бо гуфта буд, ки “хушбахт аст”.
Сурайё Қосимова соли 1957 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Ӯ бори аввал дар 13-солагӣ по ба саҳнаи ҳунар гузошт ва дигар баъд аз ин тамоми умрашро ба овозхонӣ бахшид.
Манбаъ: Радиои “Озодӣ”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД