Arzon march 2024
Сурия: Зан дар зери харобаҳо таваллуд карду фавтид
954

 

 

Дар шаҳри Алеппо Сирия, ки мардуми зиёд аз заминларза осеб дидаанд, зане дар зери харобаҳо тифл ба дунё овард ва ҳамонҷо вафот кард ва тилф аз ҷониби наҷотдиҳандагон берун оварда шуду ба ебморхона интиқол дода шудааст.

Дар ин бора портали иттилоотии Сурия “El Balad” хабар додааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видео аз ҷои ҳодиса нишон медиҳад, ки чӣ тавр мард бо кӯдак дар даст давида, онро ба табибон мерасонад. Бар асоси охирин иттилоъи вазорати беҳдошти Сурия, шумори қурбониёни заминларзаи харобиовар дар минтақаҳои Ҳалаб, Латакия, Ҳамо, Идлиб ва Тартус ба 711 нафар афзуда, 1431 нафар захмӣ шудаанд. Расонаҳо ва манобеъи ғайрирасмӣ шумори қурбониёни заминларза дар Сурияро аз ҳазор нафар зиёд мегӯянд. 

Дирӯз Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар суҳбаташ қайд кард, ки дар натиҷаи зилзила камаш 2218 биноҳо тахриб шудааст, бузургтарин зилзила аз соли 1939 мебошад. Номбурда ҳамчунин илова кард, ки 45 кишвари олам омодааст, ки ба онҳо ба амалиёти наҷот ҳамроҳ шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД