Arzon march 2024
Табибони тоҷик ба Туркия мераванд
686

Наҷотдиҳандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар шуда, дар чораҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи харобиовар иштирок мекунанд. Дар ин бора Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сомонаи “Оила” иттилоъ дод.

Зикр шуд, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯмак ба мардуми зарардидаи Ҷумҳурии Туркия ситоди махсус дар ҳайати 50 нафар наҷотдиҳанда ва гуруҳи табибон, аз ҷумла шикастабанд, ҷарроҳ ва дигар табибон ташкил шудааст, ки онҳо рӯзҳои наздик сафар мекунанд.

Қайд гардид, ки барои муайян намудани тафсилоти сафару теъдоди наҷотдиҳандагон дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо иштироки роҳбари КҲФ Рустам Назарзода ҷаласаи фаврӣ баргузор гардид.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузоришҳои охир теъдоди фавтидагони заминҷунбии мудҳиш дар Туркия ва Сурия наздики 5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди ҳалокшудагон дар ҷануби Туркия ба 2921 нафар расид. Ба гуфтаи роҳбари Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи Туркия Юнус Сезар, бар асари заминларза 15 ҳазору 834 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар маҷмӯъ 7840 нафар аз зери харобаҳо зинда наҷот дода шуданд. Ӯ афзуд, ки 338 000 нафар дар хобгоҳҳо, донишгоҳҳо ва паноҳгоҳҳо ҷойгир  карда шудаанд.

Хотиррасон мешавем, ки субҳи 6 феврал дар ҷанубу шарқи Туркия заминларзаи 7,7 дараҷа ба вуқуъ пайваст. Манбаи заминларза бо маркази он дар минтақаи Пазарҷики вилояти Қаҳрамонмараш дар умқи 7 километр ҷойгир будааст. Дар вилоятҳои Ҳатай, Газиантеп, Килис, Османия, Малатия, Адияман, Шанлиурфа, Диёрбекир, Одона ва Қаҳрамонмараш харобиҳои ҷиддӣ ба амал омадаанд.

Хушбахтона, дар он касе аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон осеб надидааст. Ёдовар мешавем, ки дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Асад барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД