Arzon march 2024
Табобати кутоҳмуддати беморони сил
427


Дар назар аст, ки аввалҳои моҳи май Симпозиуми илмию амалии тиббӣ дар самти табобати беморони сил дар кишвар дар Душанбе баргузор гардад. Мизбони ҳамоиш Вазорати тандурустӣ ва ташкилоти «Духтурон бидуни марз» мебошанд.

Ин чорабинӣ бахшида ба 10-умин солгарди Симпозиуми минтақавӣ оид ба масъалаҳои табобати бемории сил дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (АШОМ) равона шудааст.

Дар ин Симпозиум коршиносону мутахассисони соҳа, намояндагони вазоратҳои тандурустии кишварҳои аъзои симпозиум, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, марказҳои миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва дигар шарикон аз Озарбойҷон, Белорусия, Гурҷистон, Қирғизистон, Россия, Ӯзбекистон, Украина, Афғонистон, Ҳиндустон ва Лубнон ҷамъ омада, дар самти ташхис, табобат ва пешгирии бемории сил табодули таҷрибаву афкор мекунанд.

Диққати асосии муҳокимарониҳои Симпозиум ба ҷорӣ намудани реҷаҳои нави табобати кӯтоҳмуддати аз ҷониби СУТ тавсияшуда барои бемории сили ба доруҳо устуворгашта, ташхис ва табобати ин беморӣ ба доруҳо устувор миёни кӯдакон, муоина ва табобати бемории сил дар муассисахои ислоҳӣ (маҳбасҳо) , таъмини доруворӣ ва дастрасӣ ба ташхиси бемории сил ва дигар масъалаҳои ба ин самт равонашуда сурат хоҳанд гирифт.

Пештар чунин симпозиумҳо дар шаҳрҳои Киев, Тошканд, Бишкек, Тбилиси, Ереван, Минск баргузор шуда буд ва шаҳри Душанбе маротибаи дуюм аст, ки дар ин симпозиум мизбон аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД