Arzon march 2024
«Табодули таҷриба» ва нақшаҳои ояндаи табибони силшинос
939

 

«Мо дар давраи пандемия зиндагӣ кардем, ки хеле мушкил буд. Бо вуҷуди ҳамаи мушкилиҳо тавонистем бар зидди бемории сил мубориза барем. Дар ин самт Вазорати тандурустӣ саҳми хеле назаррас доранд.

Ҳамчунин, бе дастгирии духтурон, ҳамшираҳои шафқат рӯзноманигорон ва мутахассисони соҳаи силшиносӣ ба дастовардҳои дилхоҳ ноил гаштан ғайриимкон аст.»

photo_2023-05-16_22-24-13Ҷеймс Малар, шарики лоиҳаи “Стоп ТБ ” дар Женева ин нуқтаро дар доираи омодагии Ҷаласаи сатҳи баланди Созмони Милали Мутаҳҳид, ки оид ба бемории сил имрӯз, 16 –уми майи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи Сирена дар Душанбе баргузор гашт, қайд намуд.

Мушкилии бемории сил на танҳо дар кишвари мо балки дар тамоми ҷаҳон маҳсуб ёфта, барои аз байн бурдани чораҳои қоҳишдиҳанда андешида шуда истодааст.

photo_2023-05-16_22-12-06Сафаралӣ Наимов, яке аз муборизони муваффақ ва шифоёфта аз бемории сил мебошад. Ӯ замоне, ба бемории сил гирифтор гашт, ки ду бародари беморашро нигоҳубин мекард ва мутаассифона онҳоро аз панҷаи беморӣ раҳо карда натавонисту аз дунё гузаштанд. Сафаралӣ аз беморӣ шифо ёфт ва тамоми кушиши худро ба харҷ дод, то ки ба ҳамтақдирони худ, яъне гирифторони бемории сил саҳми худро бо ягон роҳе бигузорад. Ҳамин тавр ӯ Асотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон “"-ро (Стоп ТБ) созмон дод ва раҳбарии онро ба уҳда дорад. Ҳадафи асосии Асотсиатсия дарёфт, ташхис ва ба табобати саривақтӣ фаро гирифтани беморони сил мебошад.

Ӯ яке аз иштирокчиёни ин чорабинӣ аст ва оиди дастовардҳо ва навгонию пешравиҳои соҳа сухан карда, иҳзори хушнидӣ намуд, ки соҳаи тандурустӣ рӯ ба тараққӣ дошта, дар самти коҳиш додани шумораи беморони сил Вазорати тандурустии кишвар бо шарикони рушди соҳа тадбирҳои манфиатбахшро роҳандозӣ намуда истодаанд.

photo_2023-05-16_21-20-28

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Лоиҳаи USAID дар Осиёи Марказӣ, Маркази сиёсат ва тадқиқоти тандурустӣ (Маркази PAS) ду чорабинии иловагиро аз 16 то 18-уми май баргузор менамояд.

photo_2023-05-16_21-20-12

Дар ин чорабинии сатҳи баланд намояндагони созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, созмонҳои афроди гирифтори бемории сил, гурӯҳҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ, иттиҳодияҳои касбӣ, фондҳо, инчунин рӯзноманигорон ва блогерҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ- Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Аврупои Шарқӣ -Украина, Молдова, Гурҷистон ҳудуди сад нафар иштирок намуда, барои ҳадафҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар пешорӯи Ҷаласаи сатҳи баланди Ассамблеяи генералии СММ оид ба бемории сил дар моҳи сентябри соли 2023 баррасӣ менамоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД