formula
Тақдири талх қисми 2
18.01.2023
Дилошӯб
1848

 

                                Мусибат

Аз тӯйи арӯсии Шукронаю Аслиддин шаш моҳ гузашта бошад ҳам, арӯсак ҳомиладор намешуд. Холаи Сафаргул худаш дер фарзанддор шуда буду аз ин ба ташвиш афтод, вале хушдомани Шукрона - Ойнисо қудояшро ором мекард:

- Қудоҷон, монед ҷавонон аз якдигарашон сер шаванд. Бача намегурезад, ҳоло аз наберабонӣ ба дод ҳам меоед.

Шояд волидони пурармон насиб нагуфта буданд, ки пас аз ҳафт моҳи тӯяшон Аслиддин ҳангоми баргаштан аз сафари Хуҷанд ба садамаи автомобилӣ афтода, ба худ наомада, ҳалок шуд. Рӯзи марги шаҳи ғӯрамарг ҳама хуни дил мехӯрданд. Шукрона худро ба болои ҷасади ба хоку хун олудаи шавҳар партофта, танҳо “Аслиддин” мегуфту халос…

Мардум бо сӯзу гудоз ҷасади ҷавонмарди ҷавонмаргро ба хок супориданд. Шукронаро пас аз додани соли шавҳар ба хонаи волидонаш бурданд. Арӯсаки ғамдор аламашро танҳо аз кор мегирифт. Ҳамин тавр, аз марги шавҳараш панҷ сол сипарӣ гашт. Харидорони зиёде дошт Шукрона, вале ёди Аслиддини нокомашро ба бод дода наметавонист. Аммо беҳуда нагуфтаанд, ки сари зиндаро дар хок монда намешавад…

                    Бахти дуввум

Дафъаи дуввум низ бахти Шукрона омад кард. Ӯро ҷавонмарде аз ноҳияи ҳамсоя хостгорӣ кард, ки бо ҳамсараш даҳ сол зиставу фарзанддор нашуда буданд. Шавҳари дуввумаш тоҷир буду хонаву дари алоҳида, зиндагии тинҷу осуда дошт. Ҳарчанд Барот ҷавонмарди зебою хушсухан бошад ҳам, дар дили ҷавонзан ҷойи Аслиддин холӣ монд.

Бо гузашти ду моҳ Шукрона ҳомиладор шуд ва оҳиста-оҳиста ба тақдираш тан дод. Барот ҳамсарашро чунон эрка мекард, ки ногуфтанӣ. Ҳомиладор шудани Шукронаро шунида, барояш хизматгор гирифт. Аммо пешонии Шукрона шӯр будааст, ки Барот рӯи фарзанди деринтизорашро надида, ҳангоми оббозӣ дар дарё ғарқ шуд.

Танҳо пас аз як ҳафта ҷасади варамидаашро аз дарё пайдо карданд. Падару модари Барот барвақт аз дунё гузашта буданд, вале апаи калонияш рӯзи ҷаноза Шукронаро рӯйирост “бевазани сиёҳ, шавҳаркуши касофат” номид. Холаи Сафаргул “духтарам, ин кори Худост” гуфту халос. Шукронаи мусибатзада бошад, бар дифои худ ҳарфе нагуфт.

Пас аз марги Барот Шукрона писар таваллуд кард ва чуноне, ки Барот орзу дошт, номашро Бунёдҷон гузоштанд. Пас аз тавлиди Бунёдҷон апаҳои Барот бо Шукрона омадурафтро сар карданду ӯро ба ҳавлияш баргардонданд. Шукрона дар ҳавлии боҳашаммат ҳамроҳи писарчааш танҳо мезисту ба хотири аз чизе танқисӣ накашидани писаркаш шабу рӯз кор мекард. Ба ӯ модараш ва янгаҳояш ёрӣ мерасониданд…

                     Шӯрбахт

Бунёдҷон чорсола шуд. Зиндагии Шукрона якмаром, аз остонаи хонааш то коргоҳ идома дошт, вале дар зиндагии ӯ боз мард пайдо шуд. Ин мард санҷишгаре буд, ки аз маркази вилоят ба беморхонаашон барои тафтиш омада буд. Чун Саид аз коргарон фаҳмид, ки ҳамшираи зеботарини ин беморхона бешавҳар аст, аз сардухтур хоҳиш кард, то ӯро барояш хостгорӣ кунад.

Ҳамсари Саид аз омоси бадфиоли мағзи сар фавтида буду ду духтарчаашро хушдоманаш ба тарбия гирифта буд. Ин зан ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ набуд, ки фарзандони духтари сиёҳпичааш пешпеши пойи бегонаҳо гарданд.

Шукрона аввал розӣ нашуд, вале дар тарбияи Бунёдҷон лозим будани дасти мардро садҳо бор такрор кардани падарашро шунида, боз шавҳар кард. Саид мехост ҳамсари нозанинашро ба маркази вилоят барад, аммо Шукрона гуфт, ки бигузор Бунёд ба вай одат кунад, баъд…

Акнун Саид рӯзҳои истироҳатро бо аҳли оилааш мегузаронид. Шукронаю Бунёд низ чанд бор ба хонаи падару модари вай меҳмонӣ рафтанд. Саид хонаю дари зебое дошт. Шукрона ба нею нестони хушдомани собиқи Саид нигоҳ накарда, туҳфаҳои зиёде гирифта, ба хабаргирии Марҷону Гулҷон мерафт.

Оҳиста-оҳиста ҳам духтарҳою ҳам пайвандони модарияшон ба ин ҷавонзани меҳрубон одат карданд, вале Саидро ҳангоми таъмир намудани манқали барқӣ қувваи барқ заду ҳалок шуд. Шукрона ин даъфа рӯи мурдаи шавҳараш нолаҳои зор-зор карда, худро ба марги Саид гунаҳгор мекард. Модари Саид ғайричашмдошти атрофиёни Шукрона сари келинашро ба бағал гирифта, гуфт:

- Духтарам, худатро гунаҳгор накун, ҷонро ба инсон Худо медиҳаду худо мегирад.

                 Ангуштнамо

Пас аз марги Саид Шукрона то дер ба худ омада натавонист. Пас аз ду моҳи ин мусибат ба кор баромад. Ӯ бо касе гап намезад, корашро мекарду писаракашро аз боғча гирифта, рост ба ҳавлияш мерафт. Шабҳои дароз то рӯз болишташро оғӯш карда, мегирист. Намедонист барои кадом гуноҳаш худованд ӯро чунин шӯрбахт офаридааст.

Як рӯз ҳамкоронаш ӯро ба ҷону ҳолаш намонда, ба чойхӯрӣ кашиданд. Сари миз аз ину он суҳбат карданд. Фарроши беморхона - холаи Қадамгул аз шавҳари пираш, ки ба синну солаш нигоҳ накарда, шаробнӯшӣ мекард, шикоят намуд. Сайёраи шӯх бо лабханд гуфт:

- Хола, мехоҳӣ аз шӯи бадфеълат халос шавӣ? Биё ӯро бо Шукрона никоҳ мекунем…

Ҳама хандиданд. Шукрона низ хандаи талхе карда, аз ҷой бархост ва худи ҳамон рӯз ҳавлияшро ба савдо гузошт…

Инак, понздаҳ сол мешавад, ки Шукрона дар пойтахт зиндагӣ дораду ба тиҷорати дору машғул аст. Бунёдҷони ягонааш донишҷӯ аст. Шукрона ҳамагӣ чилу чор сол дораду ҷавонзани зебою дилороест. Марди сарватманди зебое, ки ҳамсараш вафот кардааст ӯро ба занӣ гирифтанӣ аст, аммо зан аз шавҳар кардан метарсад…

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Еле На 2023-06-02, 01:54
Здравствуйте уважаемые издатели сайта" Оила". Я недавно подписалась на Вашу страницу и стала Вашим поклонником. У Вас много интересных и поучительных рассказов, но так как я читаю на русском языке иногда не понимаю смысла в написанных словах и предложениях. Пожалуйста поработайте над переводом на русский язык более тщательно. С уважением ,ваш читатель.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Еле На 2023-06-02, 01:54
Здравствуйте уважаемые издатели сайта" Оила". Я недавно подписалась на Вашу страницу и стала Вашим поклонником. У Вас много интересных и поучительных рассказов, но так как я читаю на русском языке иногда не понимаю смысла в написанных словах и предложениях. Пожалуйста поработайте над переводом на русский язык более тщательно. С уважением ,ваш читатель.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД