sebiston july new
ТАФСИЛОТИ МАРГИ ҲУНАРМАНДИ МАШҲУР
3443


Ҳунарманди машҳури Голливуд Ҷозеф Лараро дар сар то сари олам ҳамчун “Тарзан” мешинохтанд. Зиндагии ин марди шӯҳратёри чусту чолок, ки дили миллионҳо сокинони сайёраро бо ҳунару маҳорати нотакрораш тасхир намуда буд, ба таври фоҷиавӣ поён ёфт.

Ҷозеф Лара 58-сол дошта, бар асари суқути ҳавопайдо ҷони худро аз даст додааст. Самолёти шахсии Тарзан ба садама дучор гашта, ба кӯли об сарозер шудааст. Спутник дар такя ба The Hollywood Reporter тафсилоти марги ин ситораи ҷаҳониро шаҳр дода, мегӯяд, ҳодиса дар шаҳри Нэшвилли иёлоти Теннесси рух додааст. Ҳунарманд ҳамроҳи ҳамсараш савори ҳавопаймои хусусии Cessna C501 буд, ки дар натиҷаи ба садама дучор шудан андаруни кӯле сарозер шуд. Ба ғайр аз Тарзан ва ҳамсараш дар ин садама боз 5 нафари дигар ҷон бохтаанд.

Ҷозеф Лара аз худ мероси гаронбаҳоеро боқӣ гузошта, дар 30-соли фаъолияти эҷдиаш дар 30 филм нақш бозидааст, вале дар байни офаридаҳои ҳунарманд "Тарзан: қисаи саргузаштҳо", "Наҷотдиҳандагон Малибу" ва "Конан" мақоми хоса доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД