sebiston july new
ТАҲҚИҚОТИ ЖУРНАЛИСТӢ: ХУДКУШӢ КАРД Ё КУШТАНД?
5054

Ҳеҷ имкон надорад нафаре, ки вазъи саломатию аҳволи оилааш хуб асту нав оиладор шуда, ягон бемории равонӣ надорад ва дар оилаи солиму бомаърифат тарбия ёфтааст, даст ба худкушӣ занад. Навкелине, ки дар 11 моҳи оиладорӣ ҳамагӣ ду моҳ бо шавҳар ҳамболин буду ҳамсараш тӯли 9 моҳи дигар дар муҳоҷирати меҳнатӣ будааст, чаро даст ба худкушӣ зад?

Шамсулло Фозилов, мухбири ҳафтаномаи “Фараж” дар пайи як таҳқиқоти журналистӣ асрори марги наварӯсеро ҷӯё шуд, ки гӯё худкушӣ кард. Ӯ ба хулосаи мақомот, ки дар асоси ташхиси тиббӣ, ки ҳолатро “худкушӣ” унвон кардааст, парванда боз нашуд, розӣ нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки муфаттишони ботаҷрибаву қавии прокуратура борҳо тамаъҷӯӣ ва дасти қалби ташхисгарони манфиатҷӯро ошкор кардаанду ҳақро ба ҳақдор расонидаанд.

Тибқи иттилои “Фараж” омӯзгори деҳаи Новичомоқи ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент Маҳмадҷобир Зарипов духтари ягонааш Хиромон Зарифзодаро 6 январи соли 2019 ба хонаи бахт гусел кард, вале баъди 11 моҳ ҷасади беҷони духтарашро ба хона дароварданд.

Маҳмадҷобир бо гузашти қариб як сол аз марги ҷигарбандаш то ҳол ба худ наомадааст. Ӯ мегӯяд духтараш Хиромон, ки ҳамагӣ 22 сол дошт, дар хонаи шавҳар худкушӣ накардааст, балки ӯро то ҳадди худкушӣ расонидаанд. Ӯ аслан аз издивоҷи духтараш бо писари ҳамсоя розӣ набуд, аммо калонҳои деҳа ба миён даромаданд ва падар дигар илоҷи рад кардани хостгорҳоро надёфт.

“Рӯзи 6 январи соли 2019 духтарам Хиромонро ба писари ҳамсояам Саидмурод — Ҳоҷиев Сафармурод ба шавҳар дода, бо умеди ҳаёти босаодат ба ӯ дуо додам. Зоҳиран, духтару домодам ҳаёти осуда доштанд, зеро Хиромон ягон маротиба аз вазъи зиндагиаш ба ман шикоят намекард. Аммо, тавре баъд аз маргаш ҳамсарам ба ман нақл кард, давоми қариб як соли ҳамзистӣ бо Сафармурод, ӯ доим аз ҷониби хушдоманаш Эшназарова Раъно ва домодам мавриди хушунат қарор мегирифтааст. Бо ҳар баҳона ӯро азоб медодаанд, таҳқир мекардаанд. Духтарам аз модараш хоҳиш кардааст, ки дар ин бора ба ман чизе нагӯяд. Ӯ духтари ғамхору меҳрубон буд. Дар ҳамин ҳолат ҳам ғами маро хӯрдааст (гиря гулӯгираш мекунад), ки аз кор монда шуда меояму бо мушкилоти зиндагиаш безобитаам насозад. Байни хонаи ману қудоям Ҳоҷиев Саидмурод ҳамагӣ 20 метр масофа аст. Аммо ҷабру зулмро бинед, ки дар муддати 11 моҳи оиладорӣ духтарам дар хонаи падар ақаллан як шаб меҳмон нашудааст. Ҳар вақте ки зиқ мешудаасту барои дидани додаронаш ва ба хотири гирифтани маслиҳате аз модараш ба хона меомадааст, ҳамон лаҳза хушдоманаш Раъно аз пайаш зада медаромадааст. Фишори руҳию равонӣ ва азобу уқубат болои як наварӯс аз ҷониби хонаводаи шавҳар то он дараҷа будааст, ки шавҳараш аз Русия ва хушдоманаш дар хона ба духтарам ҳушдор додаанд, ки “агар ба хонаи падарат равӣ, дигар барнагард”. Охир, ин чӣ гуна зиндагӣ аст, ки дар дари ҳамсоягӣ боре духтарат ақаллан як шабе дар хонаат меҳмон нашавад?, - суол мегузорад падари ҷигархун Муҳаммадҷобир Зарипов.

Модари Хиромон - Саломова Мунира мегӯяд, ки духтараш моҳи сентябри соли 2019, се моҳ қабл аз маргаш, аз хонаи Мирзоалиев Маҳмадалӣ баромада, гирякунон ба наздаш омада, гуфтааст, ки “дар охир Малоҳату Раъно маро мекушанд”. Ё ҳолати дигари фишори равонӣ нисбат ба келин аз ҷониби хушдоманаш Эшназарова Раъно он аст, ки вақти дар Русия будани шавҳари Хиромон, ӯ соати дуи шаб ба утоқи хоби духтарам даромада, аз хоб бедор мекунад ва бо баҳонаи он ки “модари ту дар фалон ҷо дар ҳақи духтари ман гапҳои бад гуфтааст”, келинашро дашному ҳақорат медиҳад ва хобро бар ӯ ҳаром мекунад. Чунин ҳолатҳо дар ин муддат хеле зиёд будаанд, ки дили духтараки бечораам дигар тобу тоқати онро накардааст. Агар духтарам худкушӣ ҳам карда бошад, ӯро ба ин ҳолат хонаводаи шавҳараш оварда расонидаанд”, - мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи модари Хиромон духтараш рӯзи 21 декабри соли 2019 (чанд соат пеш аз марг) тахминан соати 9-и саҳар хандон-хандон омада, аз модараш мепурсад, ки хамир мекунанд?

— Ман ҷавоб додам, ки барои додарат ба Душанбе нон мефиристам. Духтарам гуфт “ман ҳам ҳозир рафта, пухтупаз мекунам, пагоҳ ба деҳаи Сурхоб ба тӯй меравем” ва ҳамин тавр, бо вақти хуш ба хонаи хушдоманаш баргашт. Ним соат пас хушдоманаш Эшназарова Раъно ба хонаи мо омад ва мисли он ки чизеро гум карда бошад, ҳаросон буд. Ман ба чойнушӣ даъват кардам, аммо саросема аз дарвоза берун шуду гуфт, ки баъдтар меояд. Ҳамин тариқ, тақрибан соати 10:30 дақиқа писари хурдии Раъно — Сино бо аҷала аз дарвоза даромад ва гуфт, ки “холаи Мунира, зуд биёед, янгаам афтидааст”. Ба сӯи ҳавлии онҳо давидам. Вақте ба хона даромадам, Хиромон дар рӯи фарши хона, мӯяш ба сару рӯяш парешон, хобида буду ягон ҳаракат надошт. Хушдоманаш гуфт, ки гӯё Хиромон худашро овехта бошад., аммо дар ҷои ҳодиса ягон ашё барои овехтан, яъне нордбон, курсӣ ва ё ресмон набуд. Ба падараш занг задам. Ӯ зуд омаду духтарамонро бо мошин ба бемористони маркази ҷамоати деҳот бурдем. Духтур гуфт, ки ӯ кайҳо фавтидаасту ҷасадро барои ташхиси тиббӣ ба шаҳри Панҷакент бурдан зарур аст, - гуфт модар.

Бино ба гуфти падараш дар аввал онҳо барои экспертиза кардани тани беҷони духтарашон розӣ нашудаанд. Бинобар ин, корманди милиса онҳоро ба мошин шинонда, забонхаташонро гирифтааст, ки онҳо аз касе даъво надоранд, аммо ҳодиса ин ҷо ранги дигар гирифтааст. Пас аз он ки ташхисгари тиббӣ Холов Зафар барои кушодани ҷасад исрор кардааст, онҳо барои экспертиза розӣ шудаанд. Чун ташхисгар итминон додааст, ки дар сару бадани марҳум ҷароҳат вуҷуд дорад ва бояд сабаби марг муайян карда шавад.

— Баъд аз он ки ҷасад ташхис шуд, аз корманди милиса талаб кардем, ки забонхатамонро баргардонад, аммо ӯ гуфт, “забонхатро дарронда мепартоям, ба мо дигар даркор нест”. Намедонистем, ки забонхатро баъдтар барои рӯйпӯш кардани ҷиноят асос мекунанд. Яъне, гӯё Зарифзода Хиромон ба худкушӣ даст задаасту мо дигар даъво надорем. Ҳамин тавр, рӯзи 22 - юми декабр ҷасади духтарамро ба хок супоридем ва санаи 26 - уми декабр ёрдамчии прокурори шаҳри Панҷакент Нуруллозода Н. З. моро ба прокуратура даъват карда, хулосаи экспертизаи судӣ - тиббиро нишон дод ва гуфт, ки тибқи хулоса Зарифзода Хиромон бо роҳи овехтан худкушӣ кардааст. Ман норозигиамро аз хулосаи ташхис баён кардам ва аз Нуруллозода талаб кардам, ки бояд сабаби худкушии духтарамро муайян кунанд, аммо ӯ дигар ба ман эътибор надод. Гуфт, ки парвандаи ҷиноятӣ қатъ карда шудааст. Гӯё духтари мо худкушӣ кардаасту ба ин касе гунаҳкор нест. Ҳамин тавр, ман боз панҷ маротиба ба Прокуратураи шаҳри Панҷакент рафтам, то сабаби ба қавли Нуруллозода Н. З., ба худкушӣ даст задани духтарамро муайян кунанд, аммо дигар маро касе қабул накард, - гуфт муаллим Маҳмадҷобир.

Хушдомани Хиромони ҷавонмарг Эшназарова Раъно ҳама иттиҳомро дар мавриди ҷангу ҷанҷол бо келинаш ва таънаву маломати ӯ рад мекунад. Ӯ мегӯяд, ки аз келинаш розӣ буд, зеро ҳама кор аз дасташ меомад. Намедонад чаро келинаш ба худкушӣ даст задааст.

— Субҳ гусфандҳоро ба ҷои ҷамъшавии моли деҳа бурдам. Аз он ҷо дертар баргаштам, вале келинамро дар хона наёфтам. Ба хонаи падараш рафтам. Пурсидам, ки Хиромон дар ин ҷо аст? Модараш гуфт, ки наомадааст. Ба хона омадам, ки писари хурдиам Сино аз мактаб баргаштааст. Ӯ хабар дод, ки янгааш дар ҳаммом афтидааст. Ба ҳаммом рафтам, ки Хиромон рӯи замин мехобид. Дар гарданаш рӯймол буд, аммо як банди бофтаи дурушт дар равчӯби ҳаммом овезон буд. Тахтачӯбе, ки дар зери пой монда, ҳангоми оббозӣ дар ҳаммом истифода мешавад, дар танаи девор рост ва аз он дуртар ним халта ҷав истода буд. Писарам Синоро ба хонаи қудоям фиристодам ва худам Хиромонро кашида ба беруни ҳаммом, болои қолин баровардам. Ба ҷуз сиёҳӣ дар гарданаш, дигар ягон ҷароҳат дар баданаш дида намешуд, - гуфт Эшназарова Раъно.

Хусури ӯ Ҳоҷиев Салимсоқ низ аз келинаш тавсиф кард ва гуфт, ки марҳум хеле духтари қобилу хушахлоқ буд.

— Аз рӯзе, ки ба хонаамон келин шуда омад, ҳама корҳои пухтупазро иҷро мекард, нигоҳубини гову мол ҳам аз дасташ меомад. Хулоса, аз ӯ розӣ будем. Намефаҳмам, ки чаро ӯ ба ин кор даст зад. Кӣ мехоҳад, ки хонаи фарзандаш вайрон шавад?, - гуфт Ҳоҷиев С.

Шавҳари марҳум дар як тамоси телефонӣ бо Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон гуфтааст, дар муддати оиладориашон ягон бор ҳам байнашон ҷангу ҷанҷол ва нофаҳмӣ нашудааст. Ба қавли Сафармурод Ҳоҷиев муносибаташ бо ҳамсар хуб будааст, ҳурмати падару модар ва аҳли оилаашонро ба ҷо меовардааст.

— Ман ҳамсарамро нағз дида гирифтам. Бо ҳазор умеду орзу оиладор шудам. Баъд аз тӯй ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафтам, то хонаи худамро бунёд ва бо занам осуда зиндагӣ кунам. Занам ягон бор нагуфта буд, ки модарам бо вай муносибати бад кардааст. То ҳанӯз ором надорам, доим фикр мекунам, ки барои чӣ ҳамсарам худкушӣ кард, - гуфт Ҳоҷиев С.

Тибқи хулосаи духтури руҳшиноси Маркази солимии руҳӣ ва наркологии шаҳри Панҷакент Фазлиддин Ҷумъаев, марҳум Хиромон Зарифзода мубталои бемории равонӣ набуда, ягон бор ба маркази мазкур муроҷиат ҳам накардаасту ба қайд гирифта нашудааст. Ҳамин тавр, санҷиши ҳодиса бо хулосаи ноқису таҳлили нодуруст ба охир расонида шудааст ва “бинобар дар кирдори ягон нафар мавҷуд набудани аломати таркиби ҷиноят, қарор дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ қабул карда шуд”.

Маҳмадҷобир Зарипов ба натиҷаҳои санҷиши ҳодисаи марги духтараш Зарифзода Хиромон комилан норозӣ шуда, аз болои қарори мазкур ба Прокуратураи вилояти Суғд шикоят бурдааст. Пас аз шикояти Зарипов М. маводи санҷиши ҳодиса аз Прокуратураи шаҳри Панҷакент барои омӯзиш талаб карда гирифта шудаанд. Омӯзиши мавод вобаста ба ҳолати марги Зарифзода Х. дар Прокуратураи вилояти Суғд нишон доданд, ки “санҷиш ҳамаҷониба, пурра ва холисона таъмин карда нашудааст. Ёрдамчии прокурор Нуруллозода Н. З. сабабу омилҳои ба худкушӣ даст задани Зарифзода Х. - ро муайян накарда, бо гирифтани баёнотҳои рӯякӣ ва нопурраи аъзои оилаи марҳум хулосаи бармаҳал баровардааст. Протоколи азназаргузаронии ҷои ҳодиса, ки аз ҷониби муфаттиши ШТ ШВКД ҶТ дар шаҳри Панҷакент, лейтенанти калони милитсия Комрони Қ. тартиб дода шудааст, ба талаботи моддаи 182 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ набуда, он бо мақсади ошкор кардани осори ҷиноят ва дигар объектҳои моддӣ, муайян кардани дигар ҳолатҳои барои кор аҳамиятнок анҷом дода нашудааст…”.

Бо чунин мазмун санаи 11-уми феврали соли 2020 бо имзои муовини прокурори вилояти Суғд Пулодӣ У. Т. ба унвони прокурори шаҳри Панҷакент Азимзода С. Б. ва ҳамзамон, ба падари марҳум Зарифзода Х. — Зарипов М. мактуб ирсол гардидааст, ки нусхаи он ба МТЖТ дастрас шуд. Дар мактуби расмии Прокуратураи вилояти Суғд аз хулосаи экспертизаи судӣ - тиббии №42, аз 25-уми декабри соли 2019, ки аз ҷониби эксперти тиббӣ Холов Зафар барои муайян кардани сабаби марги марҳум Зарифзода гузаронида шудааст, изҳори ноқаноатмандӣ шудааст. “Аз хулосаи экспертизаи судӣ - тиббии №42, аз 25-уми декабри соли 2019 маълум мегардад, ки дар тани Зарифзода Х. М. захми куфтаи пушти сар аз чап, хуномоси ғадуди шир (синаҳо) аз ду тараф ва қафаси сина мавҷуд мебошад, аммо дар рафти санҷиш муайян карда нашудааст, ки чунин ҷароҳатҳоро марҳум дар кадом ҳолат гирифтааст. Инчунин, шавҳари марҳум вобаста ба ҷароҳатҳои дар синаҳо ва қафаси синаи марҳум мавҷудбуда пурсида, ин ҳолат муайян карда шавад”.

Эроди ҷиддии аз ҷониби Прокуратураи вилояти Суғд нисбат ба экспертизаи судӣ - тиббии шаҳри Панҷакент гирифташуда нишон медиҳад, ки ниҳоди мазкур барои ошкор сохтани ҷиноят ҷаҳд накардааст ва ҳамин тавр, ҳодисаро “худкушӣ” унвон карда, масъулиятро аз дӯши худ дур кардаанд. Ин дар ҳолест, ки эксперти судӣ - тиббии шаҳри Панҷакент Холов Зафар Бомуллоев дар як тамоси телефонӣ бо МТЖТ гуфт, хулосаи худкушӣ дар асоси таҳлилҳои гистологӣ аз ҷониби ташхисгоҳи судӣ - тиббии гистологии шаҳри Хуҷанд дода мешавад: “Чунин таҷҳизот дар шаҳри Панҷакент нест. Таҳлилҳо ба шаҳри Хуҷанд фиристода шуда, ҷавобашон ҳам аз Хуҷанд гирифта шуд”.

— Ҳангоми азназаргузаронии ҷасад дар мавзеи гардан фақат ҷӯяки странгулятсионии аз рост ба чап болораванда ва дар ғадудҳои шир доғҳои зардчаи куҳнаи тақрибан 4-5-рӯза ба мушоҳида расид. Ҳамчунин, дар қисмати чапи пушти сар ҷароҳати майдаи навкафида низ ошкор гардид. Чунин ҷароҳат аз таъсири ҷисмҳои сахту кунд бардошта мешавад ва эҳтимол дорад, ки вақти фаровардан ҷасад ба замин бархӯрда бошад, - гуфт эксперти судӣ-тиббии шаҳри Панҷакент Холов Зафар.

Аммо Холов З. иддаои волидони марҳумро, ки ба гуфтаи онҳо, гӯё эксперт гуфта бошад, ки шояд марҳумро дар дигар ҷо куштаанду баъдан ба ҳаммом оварда партофта ва саҳнаи худкуширо сохтакорӣ карда бошанд, рад мекунад. Эксперт гуфт, вақте ки наздикони марҳум замони кушодани ҷасад ба ҳуҷраи ҷарроҳӣ зада даромада, монеи кораш шуданд, ба эшон фаҳмонидааст, ки барои муайян кардани худкушӣ ва ё кушта шудани духтарашон бояд ҷасад кушода шавад.

Ҳамин тавр, мувофиқи хулосаи муоинаи тиббии ҷасад аз тарафи эксперт Холов З. муайян гардидааст, ки “ҷароҳати гардани Зарифзода Х. дар хатҳои бӯғишавии узвҳои гардан бо банд ба вуҷуд омадааст, ки аз он самти ҷӯяки бӯғикунанда аз рост ба чап ва паҳлуи гардан болораванда буда, аломатҳои бӯғивашӣ аз тарафи шахси дигар дида намешавад, чунки самти ҷӯяки бӯғикунанда ва хатҳои бӯғикунӣ аз тарафи шахси дигар кундаланг равона мешавад”.

Волидони марҳум Зарифзода Х. ба хулосаи ташхиси судӣ - тиббӣ, санҷиши ҷои ҳодиса ва қарор, ки ҳодисаи марги духтарашонро “худкушӣ” унвон карда, парвандаи ҷиноятӣ накушоданд, розӣ нашуда, ба Прокуратураи вилояти Суғд шикоят бурданд. Тавре дар боло гуфтем, Прокуратураи вилояти Суғд баъди омӯзиш дар маводҳои санҷиши макони ҳодиса камбудиҳои ҷиддиро ошкор кард ва барои бартараф кардани онҳо ба Прокуратураи шаҳри Панҷакент супориш дод, ки санҷиши такрорӣ гузаронанд ва сабаби худкушӣ муайян карда шавад.

Бо гузашти 2 моҳ, санаи 24-уми феврали соли 2020 аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Панҷакент қарор дар бораи аз ҷои дафн берун баровардани ҷасад (эксгуматсия) ва таъйин намудани экспертизаи такрории судӣ-тиббӣ қабул карда шуд.

Тибқи хулосаи экспертизаи такрории судӣ - тиббии №14, аз 26-уми марти соли 2020 “Дар ҷасади Зарифзода Х. ҷароҳатҳои зерин: хати ҷӯяки якхатаи странгулятсионии сарбастанабуда дар мавзеи сеяки болои гардан, хунрезиҳои сурхи тиратоб дар бофтаҳои маҳини гардан мувофиқи хати ҷӯяки странгулятсионӣ, захми куфтаи пушти сар аз чап, хуномосҳои ғадуди шир аз ду тараф, қафаси сина аз чап муайян шуда, ҷароҳати ҷӯяки странгулятсионии якхатаи сарбастанабудаи болоравандаи мавзеи сеяки болои гардан ва хунрезиҳои ҳамин мавзеъ аз таъсири банди нимдурушт дар мавриди овехтан ба вуҷуд омаданаш имконпазир мебошад”.

Илова бар хулосаи такрории ташхиси судӣ-тиббӣ, санаи 13-уми апрели соли 2020 бо имзои ёрдамчии калони прокурори шаҳри Панҷакент Нуруллозода Н. З. ва тасдиқи прокурори шаҳри Панҷакент Азимзода С. Б. нусхаи қарор дар бораи рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ ба дасти падари марҳум Зарифзода Хиромон — Зарипов М. расидааст. Дар нусхаи қарор омадааст, ки аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Панҷакент вобаста ба ҳодисаи мазкур санҷиши иловагӣ гузаронида, баёнотҳои 35 нафар ашхоси дахлдор ва мутахассисиони соҳа гирифта шуд. “Дар рафти санҷиш бо гузаронидани ҳаракатҳои мақсадноки санҷишӣ муайян карда шуд, ки нисбат ба Зарифзода Х. М. аз ҷониби ягон нафар таҳдид, муомилаи бераҳмона ё пастзании мунтазами шаъну эътибори ӯ ҷой надорад. Аз ин рӯ, дар ҳаракатҳои ягон нафар аломатҳои таркиби ҷинояти ба худкушӣ расонидан (моддаи 109 КҶ ҶТ) дида намешавад. Ба ғайр аз ин, дар рафти санҷиш муайян гардид, ки ҳангоми бо роҳи худовезӣ фавтидани Зарифзода Х. М. дар он ҷо касе набуда, ӯро ягон шахс наовехтааст, ҳамчунин, дар бадани номбурда ягон ҷароҳати ҷисмоние, ки боиси марг гардад, мавҷуд намебошад”. Хулоса, натиҷаи санҷиши иловагӣ ва қаблӣ як хел аст, аммо ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки санҷиш чи гуна муайян кардааст, ки дар он ҷо касе набудааст ва марҳумро касе наовехтааст?

Ба гуфтаи волидони марҳум, нафарони дар рафти санҷиши иловагӣ пурсидашуда аз наздикони оилаи Ҳоҷиевҳо ва ашхосе ҳастанд, ки намехоҳанд чизе бигӯянд ва сарашонро ба бало гирифтор созанд.

Ба санҷиши иловагӣ духтури руҳшиноси Маркази солимии руҳӣ ва наркологии шаҳри Панҷакент Ҷумъаев Фазлиддин ҷалб карда шудааст, то назарашро вобаста ба қазияи мазкур баён кунад. Номбурда пас аз шиносоӣ бо маводҳои санҷишӣ, хулосаи экспертизаи судӣ-тиббии қаблӣ ва такрорӣ қайд кардааст, ки марҳум Зарифзода Х. ба ягон бемории руҳӣ гирифтор набуда, дар Маркази солимии руҳӣ ва наркологии шаҳри Панҷакент ба қайд гирифта нашудааст: “… Ягона камбудӣ ҳангоми зиндагиаш — ин ҳомиладор нашудан мебошад. Дар натиҷаи ҳомиладор нашуданаш мумкин аст Зарифзода Х. ба депресия гирифтор шуда, ҳангоми руҳафтодагӣ ҳама чизҳоро бо ранги сиёҳ дида, роҳи халосӣ аз ин ҳолатро дар худкушӣ мебинад…”.

Шояд дар ҳарфҳои духтур каме ҳам ҳақиқат бошад, вале дар ҳолати қазияи марги Зарифзода Х. ба он комилан розӣ шудан мумкин нест. Пеш аз ҳама тафтишот бояд ба ҳарфҳои хусуру хушдоман ва шавҳари Зарифзода Х. бо шубҳа менигарист. Ба гуфтаи онҳо, аз марҳум розӣ буданд ва боре ҳам байнашон ягон муноқиша рух надодааст. Агар чунин бошад, дар сурати набудани ягон фишору хусумат, чаро бояд келин ба худкушӣ даст занад? Баъдан, чаро тафтишот ҳарфҳои волидони марҳумро ба инобат нагирифтааст?

Ганҷина духтарест, ки мегӯяд, Хиромон дар наздаш ҳунари дӯзандагиро омӯхта буд ва мисли хоҳарон буданд. Аз асрори ҳамдигар бохабар буданд. Ӯ дар ҳоле бо мо суҳбат мекард, ки наметавонист эҳсосоташро идора кунад. Гиря гулӯгираш мекард.

— Хиромонро хушдоманаш ҳатто замоне, ки келинаш нашуда буд, азоб медод. Хушдоманаш миёни сокинони деҳа гап паҳн карда буд, ки аз келинаш шудани Хиромон розӣ нест. Хешовандонаш ҳам доим мегуфтаанд, ки барои чӣ Хиромонро келин кардааст. Вақте ки ба хонаи шавҳараш арӯс шуда рафт, азобдиҳиҳои хушдоманаш зиёд шудан гирифт. Бо баҳонаҳои он ки “бо равғани зиёд хӯрок пӯхтааст”, “хӯроки бисёр тайёр кардааст”, ӯро маломат мекард. Дар гармои тобистон дар дашт бисёр кор мефармуд. Хиромон мегуфт, ки “агар бо хушдоманам ҳамроҳ нишинам, бо қираи чашмаш ба ман нигоҳ мекунад, метарсам”. Замоне ки ҳоло шавҳар накарда буд, гуфтам, ки “имсол арӯс мешавӣ”, ӯ гуфт: “Ин хел нагӯед, вай маро мекушад!”. Хушдоманаш ӯро ба шавҳараш, ки дар Русия буд, бад мекард. Шавҳараш бошад, телефон карда, ӯро ҷанг мекард. Мегуфтам, ки ин ҳолатро ман рафта ба падарат мегӯям, аммо ӯ намегузошт. Мегуфт, ки “намехоҳам падару модарам зиқ шаванд”. Мушкилоти зиндагияшро танҳо бо ман мегуфт. Агар хушдоманаш бо касе ҷанг карда, ба хона меомадааст, ҳама таҳқиру ҳақоратро ба сари Хиромон бор мекардааст ва ӯ маҷбур мешудааст, ки ба хонаи дигар гузашта, танҳо хоб равад. Ҳама ин корҳо асаби Хиромонро хароб карда буд. Хиромон мегуфт, ки хушдоманаш баъзе шабҳо соатҳои 2-3-4 ӯро аз хоб бедор карда, танҳо ба оғил барои говдӯшӣ мефиристодааст. Аммо ӯ ягон бор ҳам ба ман нагуфта буд, ки худкушӣ мекунад. Бовар дорам, ки Хиромон худкушӣ накардааст. Ӯ волидон ва бародаронашро дӯст медошт ва ҳатто намехост, ки онҳо аз азобҳои вай огоҳ гарданду нороҳат шаванд, - гуфт Ганҷина.

Ганҷина гуфт, вақти шустану кафан кардани Хиромони ҷавонмарг бевосита иштирок доштааст ва дар баданаш доғҳои зиёдро мушоҳида кардааст. Хун аз ҷароҳати пушти сараш беист мебаромад ва оби ғусл додааш, суп-сурх, ҷорӣ мешуд…

Дар рафти тадқиқоти журналистӣ журналист аз макони ҳодиса, яъне ҳаммом, ки Зарифзода Х. ба қавле худкушӣ кардааст, дидан кард. Тибқи мушоҳида, равчӯбе, ки гӯё марҳум ба он банди “пресс” баставу худро овехтааст, 2 метру 86 сантиметр аз замин баланд аст. Дар танаи девори он тахтачӯби ҳаммом, ки дар таги пой монда, ҳаммом мекарданд, истода буд. Санҷиш муайян кардааст, ки Зарифзода Х. ҳангоми гузаронидани банд аз равчӯб маҳз аз ҳамин тахтачӯб истифода кардааст. Аммо волидони марҳум мегӯянд, ки қади духтарашон баланд набуд ва тахминан ба 1,5 - 1,52 см баробар буд. Зарипов М. бо боварӣ мегӯяд, ҳеҷ имкон надорад, ки духтараш аз тахтачӯб истифода кардаву бандро аз равчӯб гузаронада бошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки падари марҳум исрор дорад, лаҳзаи рух додани фоҷеа фавран ҳозир шудааст, вале тахтачӯби ҳаммом он ҷо вуҷуд надоштааст ва саҳна сохтакорӣ шудааст.

— Дар он ҷо танҳо ним халта гандум буд ва он ҳам дар кунҷи ҳаммом меистод, на дар нуқтаи худовезӣ. Аз ин мебарояд, ки духтарам аз халта ҳам истифода накардааст. Суоли матраҳ ин аст, ки чӣ хел духтарам бе истифода аз нардбон бандро аз равчӯб гузаронидааст? Ман борҳо дар муроҷиат ба намояндагони Прокуратураи шаҳри Панҷакент талаб кардам, ки ба ин нуктаи масъала диққати ҷиддӣ диҳанд, вале онҳо мегӯянд, ки шоҳид биёрам, то худкушӣ накардани духтарамро исбот кунам,- мегӯяд Зарипов М.

Дар Прокуратураи шаҳри Панҷакент ҳам дар суҳбат гуфтанд, ки зимни санҷиши қазия ягон шоҳиде пайдо накарданд, ки муноқишаву ҷанҷол ва якдигарнофаҳмӣ миёни келину хушдоман ва аъзои оилаи шавҳарро тасдиқ кунад: “Ба ғайр аз ин, мақомоти прокуратура аз рӯи факту далел ба ҳодисаҳо баҳо медиҳад. Дар қазияи мазкур далели раднашавандаи худкушӣ кардани Зарифзода Х. ташхиси судӣ-тиббии марҳум аст, ки ба худкушӣ даст заданашро муайян кардааст. Дар ин ҳолат дигар чорае намемонад, ба ҷуз рад кардан аз оғози парванда”.

Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки дар рафти санҷиши ҳодиса касеро наёфтанд, то хушунату фишорҳои равонии аъзои оилаи Ҳоҷиевҳоро нисбат ба келинашон тасдиқ кунад, аммо зимни тадқиқоти журналистӣ маълум гардид, ки марҳум ҳама азобу уқубат ва фишорҳои равонии дар ҳавлии шавҳар аз ҷониби хушдоман ва хешони ӯ кашидаашро на танҳо ба модар, балки ба Ганҷина ном дугонаи ба хоҳар баробараш нақл мекардааст. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро дар рафти санҷиши қаблӣ ва ҳам дар санҷиши иловагӣ шоҳиди мазкур ҷалб карда нашудааст?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД