Arzon march 2024
Талабаҳоро дар мактаб тирборон карданд
752
no-img

18- кӯдаки бегуноҳ ва 3 омӯзгорро кӣ кушт?

 

 

 

 

Як ҷавони 18-сола бо яроқи оташфишон ба мактаб даромада, ба сӯйи кӯдакони бегуноҳ ва омӯзгорон девонавор тир кушодааст. Дар рафти ин ҳодисаи ваҳшатбор теъдоди зиёди толибилмон, ки хонандагони синфҳои поёнӣ буда, аз 7 то 10 сол доштанд, аз захми тир ба ҳалокат расидаанд.

Тавре ки расонаҳо менависанд, ин ҳодисаи хунин дар шаҳри Ювалди штати Техаси Амрико сар зада, як сокини маҳаллӣ бо номи Салвадор Ромас бо яроқи оташфишон ба яке аз мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ дар ин шаҳр ворид шуда, хонандагон ва омӯзгоронро бераҳмона тирборон намудааст. Бар асари амали ваҳшиёнаи Салвадор 18 кӯдак ва се одами калосол- омӯзгорони мактаби мазкур аз захми тир ба ҳалокат расидаанд.

Қотили хонандагону омӯзгорони мактаб дар рафти амалиёти боздошт аз ҷониби пулис кушта шудааст.

Ба гуфти ҳокими штати Техас Грег Эбботт тирандоз мошинашро дар назди мактаб партофта, сипас вориди ин муассисаи таълимӣ гашта, ба сӯйи хонандагону омӯзгорон аз таппнча ва яроқи оташфишони навъи AR-15 тир кушодааст.

Тибқи маълумоти пулис қабл аз он ки ба мактаб ҳамла намояд, ин ҷавони қотил модаркалони худашро бераҳмона ба қатл расонидааст.

Ин бори аввал нест, ки дар Амрико одамони бегуноҳ мавриди ҳамлаи яроқбадастон қарор мегиранд. Хариду фурӯши аслиҳа дар ин кишвар ягон душворӣ надорад ва Салвадор Ромас барин шахсони девонаавзоъ ба сонӣ соҳиби яроқи оташфишон гашта, норзигӣ ва қаҳру газаби худро бо борони тир ба сари одамони бегуноҳ холӣ карда метавонанд. Танҳо дар моҳи май дар Амирико 215 ҳодисаи тирпарронӣ ба қайд гирифта шудааст, ки талафотҳои калони ҷонӣ ба думбол доштанд. Дар бадали 3 рӯз аз 13 то 15 май дар Амрико 13 нафар аз захми тири яроқи оташифишон ба ҳалокат расидида, 26 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Президенти Амрико амр кардааст, ки ҳамчун рамзи мотам парчами давлатиро аз Қасри сафед ва дигар биноҳои маъмурӣ поён фароранд.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД