Дар «Боғи Ирам»-и пойтахт рӯзи 28-уми июн ҷашни Тиргон ва иди зардолу баргузор мегардад.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар ҷашнгоҳ навъҳои гуногуни зардолу, олу, гелос, шафтолу, себ, ғалладонагӣ ва зироатҳои полезӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд.
Дар макони баргузории ҷашни Тиргон ҳамчунин дастовардҳои илмии олимони соҳаи кишоварзии мамлакат ба намоиш гузошта мешаванд.
Ҷашни Тиргон ҳанӯз аз замонҳои қадим байни мардуми мо маъмул буда, бо риояи расму ойинҳои хос таҷлил мегашт.