formula
Талоқ дар хоб чӣ таъбир дорад?
1679


Салом! Ман зани шавҳардор ва модари се фарзанд мебошам. Шукри худо муносибати оилавиамон бо ҳамсарам хеле хуб аст.

Шавҳарам маро дӯст медорад ва ба қавле рӯйи даст бардошта мегардад, вале шаби гузашта хоб дидам, ки падари фапрзандонам талоқамро додаасту зор-зор гиря дорам. Сахт дар ташвишу изтироб ҳастам. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.

Бибираҷаб аз ноҳияи Ҳамадонӣ

Посух

Хоҳари азиз, ташвиш накашед, талоқ дар хоб хосияти бад надорад ва нишонаи бахбахтӣ нест. Тавре ки дар хобномаҳои омадааст, агар зан хоб бинад, ки шавҳараш ӯро талоқ додааст, бо инояти худованд бою бадавлат мешавад, вале...
Таъбири хоб ба ҷинсияти шахси хобдида низ вобастагӣ дорад. Мард хоб бинад, ки аз ҳамсараш ҷудо шудааст, дар ҷойи кораш байни ӯ ва роҳбараш ягон нофаҳмӣ сар зада метавонад. Чунин хоб метавонад нишонаи иваз шудани ҷойи кори мард бошад, вале аз ин рӯҳафтода шудан лозим нест, зеро худованд бар ивази он кори беҳтару хубтареро насиби шахси хобдида мегардонад.

Талоқ дар хоб ҳамчунин метавонад нишонаи ба анҷом расидани ягон кори муҳим бошад. Шахси хобдида тоҷир бошад, эҳтимол муфлис шавад ё тиҷораташ ба анҷом расад ва ё лоиҳае, ки дар он кор мекард, боз дошта шавад ва ғайра...

Аммо як чизро таъкид кардан лозим аст, ки одами мусалмон, хоса марди мусалмон, вақте хоб мебинад, ки занашро талоқ додааст, хоби дидаашро набояд ба касе нақл кунад, зеро бо ба забон гирифтани калимаи талоқ байни зану шавҳар талоқ воқеъ гашта метавонад.

Бояд тазаккур дод, ки талоқ дар хобномаҳои халқу миллатҳои дигар ба таври гуногун таъбир карда шудааст. Аз ҷумла ғайбдони машҳури олам Ванга талоқро нишонаи руҳан аз ҳамдигар дур шудани зану шавҳар номидааст. Ванга таъкид кардааст, ки зан ё марде, ки чунин хоб мебинад, бояд фикр кунад, ки дар муносибатҳои оилавиашон чӣ намерасад ва нисбати ҳамсараш меҳрубонтар гашта, барои пойдор мондани оилааш талош намояд. Талоқ дар хоб ба назари Ванга як навъ огоҳӣ аз ҷониби Худованд аст ва агар шахси хобдида хатоҳои худро ислоҳ карда, баҳри устувории оилааш талош накунад, оқибат хонавайрон шуда метавонад. “Эҳтиёт шавед, пеш аз оне, ки ҳарферо ба забон меоред, сад бор фикр кунед, зеро як сухани ноҷои шумо метавонад сабаби ҷудоӣ ба бадбахтӣ гардад”таъкид кардааст Ванга. Ногуфта намонад, ки дар баъзе хобнома талоқ дар хоб ҳамчун нишонаи нобоварӣ ба ҷуфти худ тасвир ёфтааст.
Тез-тез хоб дидани талоқ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳолати рӯҳии шахси хобдида хуб набуда ба депрессия гирифтор шудааст. Тарси шадиди аз даст додани бахти худ ва шахси дӯстдошта метавонад касро ба беморӣ гирифтор созад,бинобар ин, ба шахсоне, ки тез-тез талоқ хоб дида, дар хобашон гиряву нолаи бисёр мекунанд, маслиҳат дода мешавад, ки ба равоншинос ё асабшинос муроҷиат намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД