sebiston july new
ТАҲМИНА РАҶАБОВАРО КӢ ЛАТТУ КӮБ КАРД?
24.01.2021
ОИЛА
15328

 

Дуруди худу аҳли оилаамонро ба кулли кормандони дӯстдоштаамон “Оила” мерасонам. Аз он ки пайваста барои мо- хонандагонатон заҳмат мекашед, аз ҳамаатон миннатдорам. Мақсади ба шумо муроҷиат карданам фаҳмидани ҳақиқати як овоза аст.

Мо оилавӣ мухлиси Таҳмина Раҷабова ҳастем ва ҳунару истеъдоди ӯро дӯст медорему ҳамаи филмҳояшро тамошо кардаем. Дирӯз модарам аз суҳбати ҳамсояҳо баргашта, гуфтанд, ки Таҳмина Раҷабоваро шахсони номаълум латту кӯб кардаанд. Ҳарчанд ба модарам фаҳмонидан хостам, ки шояд ҳамсояҳо касеро ба Таҳмина монанд карда, иштибоҳ кардаанд, аммо модарам бо боварӣ гуфтанд, ки ҳатто акси Таҳминаро бо сару рӯи пур аз захм аз телефони духтари ҳамсоя дидаанд. Рости гап, дилам ба ҳоли ҳунарпешаи дӯстдоштаам сӯхт ва надонистам, ки барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол ба кӣ муроҷиат намоям. Аз шумо кормандони ҳафтаномаи “Оила” эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҳамин масъала равшанӣ андозед, то дили мо ором бигирад. Агар имкон бошад, бо худи Таҳминабону суҳбат карда, ҳақиқатро аз забони худашон нашр кунед, то бидонем, ки кадом номард он касро латту кӯб карда бошад. Қаблан аз шумо сипосгузорам ва боварӣ дорам, ки хоҳиши ману оилаи моро рад намекунед.

Тоҳир, аз ш.Душанбе

Аз идора:

Бародари азиз, Тоҳир. Мо ҳам то замони ба дастамон расидани номаи шумо аз ин ҳодиса огоҳӣ надоштем ва баъди шунидани ин хабар ба суроғи Таҳминабону афтодем. Хушбахтона, касе Таҳмина Раҷабоваро латту кӯб накардааст ва ҳунарпешаи дӯстдоштаи шумову оилаатон сиҳату саломат ва аз пайи корҳои эҷодиаш аст. Таҳмина Раҷабова дар саҳифаи Инстаграмаш расмеро бо сару рӯйи пур аз захм ва чанд навори дигарро нашр карда, чунин навиштааст, ки фишурдаи онро ба шумо пешкаш мекунем: “Расму наворҳое, ки мебинед, дар доираи маъракаи иттилоотии “16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ”, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари кишварии Хазинаи нуфуси Созмони Миллали Муттаҳид дар ҳамкорӣ бо Инстаграм-блоги “Ба ман бигӯ, хоҳарам” роҳандозӣ шудааст, нашр карда шуданд. Хушунати оилавӣ дар Тоҷикистон густурда аст ва дар доираи фарҳанги хомӯшӣ қарор дорад. Сарфи назар аз он ки 20%-и занҳо аз ҷониби шавҳарҳояшон зӯроварии эмотсионалӣ, ҷисмонӣ ва ҷинсӣ мебинанд, аз ҳар панҷ нафари онҳо танҳо як нафарашон дар бораи ин ҳодиса изҳорот медиҳанд. Ман чунин мешуморам, ки бояд сатҳи огоҳӣ дар бораи зӯроварии хонаводагӣ ба таври фаврӣ баланд бардошта шавад. Ҳамчун шахсе, ки хушунати оилавиро аз сар гузаронидааст, дарк мекунам, ки дар ин бора суҳбат кардан то чӣ андоза душвор ва хиҷолатовар аст. Ин таҷриба мисли занҷирест, ки моро бозмедорад ва чун заҳр дарун ба дарун нобудамон мекунад”. Дар охир Таҳминабону ба ороишгар Манижа Назарова барои ороиши сохтаи рӯю мӯяш изҳори миннатдорӣ карда, аз бонувоне, ки хушунати оилавиро аз сар гузарондаанд, даъват ба амал овардааст, ки аз худ дарак диҳанд ва 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД