Танини ҷовидонии таронаи Муқаддас
90

Танини ҷовидонии таронаи Муқаддас

Имрӯз зодрӯзи яке аз ситораҳои дурашонтарини саҳнаи ҳунари тоҷик, зиндаёд Муқаддас Набиева аст. Агар умр вафо мекард, Муқаддаси булбуловоз, саҳназеб ва беҳамто ба синни 76 солагӣ мерасид, вале...

Ӯ ҳаёти кӯтоҳ дид, аммо тавонист бо сурудҳояш дили миллионҳо тамошобинонро ба даст орад ва абадан дар қалбашон маъво бигирад.

Муқаддас Набиева 7-уми январи соли 1950 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада, хатмкардаи донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ буд ва баъди хатми ин донишкада ба ҳайси мураббӣ кор мекард, аммо баъдан садои дилнишин ва истеъдоди волояш ӯро ба ҷодаи ҳунар овард. Муқаддасро худи роҳбарияти оркестри эстрадии “Гулшан” ба ин дастаи номдор даъват намуданд ва ин духтараки резапайкар бо таронаҳои марғуби ошиқонааш дар “Гулшан” инқилоби ҳунарӣ барпо намуда, дар як муддати кӯтоҳ ба ситораи дурахшон табдил ёфт.

Ҳамкасбонаш барои тамкин, самимият ва хоксориаш Муқаддасро дӯст медоштанд, мухлисони бешумораш бошанд, ӯро дар саҳна гулборон мекарданд, вале тақдири бераҳм сарнавишти талхеро насиби ин ситораи тобони самои ҳунари тоҷик гардонд. Моҳи сентябри соли 1979 Муқаддас Набиева бар асари садама дар синни 29 солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Қариб ним аср мешавад, ки Муқаддас Набиева дар байни мо нест, вале садои дилнавозаш ӯро то кунун зинда дошта, ҳазорон-ҳазор дилбохтагони ҳунари асил бо меҳру муҳаббати бепоён таронаҳояшро гӯш мекунанд.

                                                                                 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД