Кормандони милитсия се ҷавонро бо гумони тамаъҷӯӣ ва дастдарозӣ ба номуси як духтар боздошт намуда, алайҳашон парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.
Тавре дар барномаи “Ахбори ВКД” иттилоъ дода шуд, гумонбарон Олим Назаров, Каримӣ Муин ва Шаҳром Ятимов сокинони наҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе буда, бо васли таҷҳизоти махсус дар мошин, худро ба сифати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, ронандагонро боздошт мекардаанд ва аз онҳо маблағ меситонидаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, Олим Назаров мошини “Toyota Camry”-ро ба иҷора гирифта, дар он таҷҳизоти махсус, аз ҷумла “серена ва мигалка” насб карда, шабона бо ҳамдастонаш дар роҳҳои мошингарди берун аз шаҳр аз ронандагон маблағ меситонидааст.
“Роҳи Ҳисор мерафтем, ронандагонеро, ки қоидавайронкунӣ мекарданд ё дар ҳолати мастӣ мошин идора мекарданд, боздошта, маблағ меситонидем”,- мегӯяд Каримӣ Муин Ҳамзазода дар навори ВКД.
Олим Назаров ба номуси ҷавондухтаре бо таҳдиди ба мақомот дастрас намудан, дастдарозӣ кардааст. Дар навор гуфта мешавад, ки духтарро дар сари фармони мошин манъ карда, бо сабаби надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ аз соҳиби мошин, ки дар паҳлуяш менишастааст, 950 сомонӣ маблағ ситонидаанд. Худи Олим Назаров нақл мекунад, ки вақте мошинро ба “диагностика” меорад, ронандаро бо мошинаш раҳо карда, духтарро таҷовуз мекунанд.
Гуфта мешавад, имкон дорад ин гурӯҳ дар дигар ҳолатҳои ҷинояти тамаъкорӣ низ даст дошта бошанд.
Айни замон нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.