Arzon march 2024
Таркиши газ дар қаҳвахонаи «Лола»
797


Субҳи имрӯз, 20-уми июн дар Қаҳвахонаи «Лола» -и пойтахт гази моеъ таркида, дар натиҷа як нафар ҷароҳат бардоштааст.

Бино ба иттилои ВКД, таркиши гази моеъ дар қаҳвахонаи мазкур бар асари риоя накардан ба қоидаҳои бехатарӣ соати 09:20 дақиқа ба вуқуъ пайваста, дар масоҳати 5 метри мураббаъ дохили қаҳвахонаро оташ фаро гирифтааст.
Дар натиҷа 1шаҳрванд ҷароҳати сӯхтаи бадан бардоша, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Гуфта мешавад, ки сӯхтор аз тарафи оташнишонон ба зудӣ дар масоҳати аввалааш хомӯш карда шуд.
Қаҳвахонаи «Лола», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 13-и шаҳри Душанбе ҷойгир шуда, ба соҳибкор Додхоҳ Муродалиев, соли таваллудаш 15 июни соли 1970 тааллуқ дорад.
Санҷиши сабабҳои сар задани сӯхтор дар қаҳвахона аз тарафи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва прокуратураи шаҳри Душанбе идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД