arzon replenishment
Тавбаи марди арӯсбоз Қисми 1
1417

 

Мардон баъди 10-15 соли муҳоҷират аз Русия бемор баргашт. Рангаш ба мисли заъфарон зард шуда, ҳатто мадори роҳгардӣ надошт.

Ба қавле мурдаашро базӯр то дари хонааш расонд ва баробари расидан ба манзил ба бистари беморӣ сар монда, бо ҳамин дигар ба по рост нашуд...

Дарди бедаво

Падару модар, се хоҳар ва панҷ бародари рустамбозуяш, ҳамсараш Марзия дар гирди Мардон парвона буданд ва худро ба сад дар мезаданд, то ба дардаш даво ёбанд. Рӯзе набуд, ки пайвандонаш ӯро ба назди ягон фолбини зӯр ё муллои номӣ набаранд. Фолбинҳо гӯё бо ҳамдигар маслиҳат карда бошанд, бо як овоз мегуфтанд, ки Мардонро барои пулу мол ва боигариаш ҷоду кардаанд, муллоҳо бошанд, дарди ӯро ба ҷину парӣ нисбат медоданд, аммо чанд бузу гӯсфандро кушта, ҷинбарору ҷодукушоӣ карда бошанд ҳам, заррае кӯмак накард. Бародаронаш ҳатто пули як мошинро сарф карда, аз Ӯзбекистон як эшони номиро ёфта оварданд ва Мардон чилла шинонданд, аммо...

Ҷинбарор карду кӯр шуд

Мулло Юлдоши узбекистонӣ ваъда дода буд, ки деву ҷинро аз вуҷуди Мардон бароварда, ин ҷавонмарди беморро дубора ба мисли пештара гул барин зебо ва сиҳату саломат карда медиҳад. “Камтар тоқат кунед, баъди анҷоми чилла Мардонбой аз модар дубора ба дунё омадагӣ барин, сип-сиҳат шуда, чунон паҳлавоне шавад, ки дар гӯштин чанд касро ба тахтапушт хобонад” бо виқор гуфта буд мулло Юлдошт, вале беҳ нашуд, ки бадтар шуд. Дар бадали 40 рӯзи дар хонаи танҳо чилла нишаста, фақат обу нон хӯрдан, ҳоли бемор чунон бад шуд, ки дигар ҳатто мадори гап задан надошт. Мардон лабони порсингбастаашро аранге меҷунбонд ва пайвандонаш базӯр чӣ гуфтани ӯро мешуниданд. Дере нагузашта биноияшро низ аз даст дод. Чашмонаш оҷиз гашта, хун мепартофтагӣ шуд. Мардон дигар дунёи равшанро намедид ва ҳолаташ чунон вазнин буд, ки ба ҳолаш раҳми кас меомад...

Ҳақиқати талх

Пас аз оне, ки Мардон бар асари беморӣ тамоман кӯр шуда, аз ҳолу мадор рафт, пайвандонаш, ки ба духтур тамоман эътиқод надоштанд, умедашонро аз муллою фолбинҳо канданд ва ночор ӯро ба беморхона бурданд. Ташхис нишон дод, ки Мардон ба дарди баде гирифтор шудааст, ки сабабаш бероҳагардӣ мебошад. Бемориаш аллакай куҳна шуда, тамоми узвҳои даруниашро аз кор бароварда будааст. Духтурҳо ошкоро гуфтанд, ки онҳо ҳар кори аз дасташон меомадаро мекунанд, вале беморро хеле дер овардаанду зинда монданашро худо медонад. “Аз умраш фақат як моҳ ё каме бештар вақт мондааст” афсӯс хӯрда гуфт профессори беморхона, ки марди нуроние буд ва мӯйи мошубуринҷӣ дошт.

Фарёди дил

Хабари ба дарди баде гирифтор шудани Мардон тамоми аҳли оиларо ба даҳшат овард. Падару модар ва хоҳару бародаронаш ҳеҷ ба ин ҳақиқати талх бовар карда наметавонистанд. “Ин бача бадгашт нест, ҳамеша панҷ вақт намозашро мехонад, охир чӣ хел вай чунин касал мешудааст” мегуфтанд онҳо ва тахмин мекарданд, ки шояд табибон хато кардаанд, аммо ташхиси такрорӣ низ нишон дод, ки духтурҳо хато накардаанд.

Зану фарзандони Мардонро низ бурда ташхис карданд. Хушбахтона онҳо солим баромаданд, вале касе, ки беш аз ҳама аз фаҳмидани ин ҳақиқати ҷигарсӯз қалбаш ба фиғон омад, зани Мардон-Сокина буд. “Мо, якто не, дуто не, шаш фарзанд дорем, наход, ки хотири рӯйи фарзандонашро накарда, дар Россия бо занҳои бероҳа гашта бошад?!” мегуфт худ ба худ Сокина, вале бемории шавҳараш ҳақиқати талхе буд, ки онро тағйир дода намешуд...

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД