formula
Тавсия: Барқро сарфакорона истифода баред!
758

 

Барои дар фасли тирамоҳу зимистон пурра омода намудани иншооти энергетикӣ дар рӯзҳои нисбатан гарми фасли тирамоҳ дар як қатор зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмир гузаронида мешаванд, эълон кардааст ширкати "Барқи тоҷик".

Ширкати мазкур таъкид кардааст, ки дар соли ҷорӣ норасоии мавсимии неруи барқ дар ҳаҷми беш аз як миллиард киловатт – соат пешгўӣ карда шудааст. Бо дарназардошти пешгўӣ шудани норасоии мавсимии неруи барқ, эҳтимоли то баҳор басанда набудани захираҳои об дар низоми энергетикии кишвар ба миён омадааст.

“Аз ин рӯ, аз ҷониби мутахассисони ҷамъиятҳои саҳҳомии “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” бо мақсади ба давраи тирамоҳу зимистон пурра омода намудани иншооти энергетикӣ дар рўзҳои нисбатан гарми фасли тирамоҳ дар як қатор зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмир гузаронида мешаванд”, гуфтааст, ширкати мазкур.

Ҳамзамон ин ширкат хабар додааст, ки ҳамроҳ бо Ҷамъияти саҳҳомии “Шабакаҳои тақсимоти барқ”ҳеҷ гоҳ хоҳишманди маҳдуд кардани интиқоли барқ ва бебарқ мондани мардум нест.

Дар баробари ин, ниҳоди марбута аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар давраи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ нерӯи барқро сарфакорона истифода баранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД