Arzon march 2024
Тавсияҳо оид ба муолиҷаи дарунравӣ
600

Салом ба кормандони "Оila". Ман модари ҷавон ва соҳиби писарчаи хурдсол ҳастам. Ду рӯз мешавад, ки кӯдакам дарунрав шудааст ва намедонам, ки чӣ тавр ба ӯ кӯмак расонам, то ҳолаташ вазнин нашавад. Мехостам, ки аз ягон духтур дар бораи мушкилии ман маслиҳат пурсед, то ки дигар модарон низ аз он истифода баранд.

Нозанин, шаҳри Душанбе

 

photo_2023-06-20_13-03-21Ташаккур, корбари азиз. Ба ин савол Муродиён Саёҳат, табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №14 посух гуфт. Ба гуфти табиб, тибқи нақша бемориҳои дарунрав миёни кӯдакон аз рӯи се схема А, Б ва В табобат карда мешавад.

"Аз рӯи схемаи А табобат дар хона сурат мегирад. Ба модар мефаҳмонем, ки бояд нӯшокии зиёд ба кӯдак дода шавад. Агар кӯдаки ширмак бошад, шир зиёд диҳанд, ба ғайр аз ин, оби ҷӯшомада ё маҳлули регидрон тавсия дода мешавад. Дар ин марҳила камобшавии бадани кӯдак вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, табобат дар хонаро тавсия медиҳем", - гуфт табиб.

Аз рӯи тавсияи ӯ дар асоси схемаи Б алакай беморро ба беморхона бояд бурд. Ин марҳиларо дараҷаи вазнини миёна мегӯянд. Дар онҷо духтурон кӯдакро таҳти назорат гирифта, дар дохили раг маҳлул равон мекунанд, ки онро дар тиб табобати дегидротатсионӣ мегӯянд. Мақсади ин навъи табобат ба организм оби зиёд ворид кардан мебошад. Ташхиси схемаи Б гузоштан камобшавии баданро ифода мекунад.

Схемаи В ин алакай ҳолати камобшавии вазнини бадан мебошад, ки ба бемор табобати беморхонагӣ тавсия дода мешавад. Худтабобат, махсусан дар ҳавои гарм қатъиян манъ аст.

Ба андешаи табиб, пешгирии ягонаи дарунравӣ, риоя кардани гигиенаи шахсӣ мебошад. Дарунравӣ ин сирояти шадиди меъдаву рӯда аст, ки яке аз объектҳои асосии ин беморӣ кӯдакон маҳсуб меёбанд. Яке аз сабабҳои асосии дарунравӣ ин сироятёбӣ мебошад. Сироятёбӣ аз муҳити беруна сурат мегирад, яъне бештар кӯдакони хурдсол бо дасти ифлос, оби ноҷӯшида, мева ва дигар маҳсулоти ношустаро истеъмол мекунанд, ки билохира ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Беоб шудани бадани кӯдак ба ҳаёти ӯ хавфи зиёд дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД