Sebiston new 2024 october
Тағйироти кадрӣ: Кӣ ба куҷо рафт?
26.06.2023
Оила
653

Имрӯз дар асоси амру фармонҳои Президенти кишвар ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор мақомот ва шаҳру навоҳиҳо тағйироти кадрӣ амалӣ шуд.

 

Аз ҷумла, тибқи қарорҳои Ҳукумати мамлакат Нигорахон Ғаффорзода аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Ҳабибулло Амирбекзода, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва тибқи як амри дигар Рустам Азизӣ аз мансаби муовини директори Маркази исломшиносӣ озод шуданд.

 

Дилшод Сафарзода, муовини вазири маориф ва илм, Фирӯза Нуруллозода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Рустам Холматиён, муовини якум ва Зиёдулло Салимзода, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, Қувваталӣ Файзулло, директори қароргоҳи "Искандаркӯл" таъин шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД