formula55
Тағйироти кадрӣ: Раиси пешини Данғара вазифаи нав гирифт
262

 

Раҳмон Исломиддин, собиқ раиси ноҳияи Данғара имрӯз сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ ба ҷойи Абдулмаҷид Муминзод омад, ки рӯзи 30-юми январ шаҳрдори Бохтар шуд.

Исломиддин Раҳмон 6-уми январи соли 1983 дар ноҳияи Данғара таваллуд шуда, соли 2004 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2009 ҳуқуқшинос ва соли 2013 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро чун менеҷер хатм кардааст.

Солҳои 2002-2004 мутахассиси дараҷаи 2-и Бонки миллии Тоҷикистон, 2004-2015 хазиначии калон - назоратчии шуъбаи амалиётҳои хазинавии Идораи амалиётии Департаменти фаъолияти иқтисодии амалиётӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, сардори идораи муомилоти пулӣ, директори филиали ҶСК «Ориёнбонк» дар ноҳияи И. Сомонӣ, муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” ифои вазифа намудааст.

Солҳои 2015-2018 муовини раиси “Амонатбонк” буд. Соли 2018 раиси ноҳияи Данғара таъин гардида, то 30-юми январи имсол дар ин мақом кор кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД