goodwell
Тазод (ҚИСМИ 1)
397

Арӯсро аз хонаи падару модар ёр-ёр гӯён ба хонаи муродаш мебурданд. Арӯс ба падар ишора кард, ки модарашро наздаш биёрад. Падар музтару сархам рафта модари бемору савдоиашро ба назди духтараш овард. Хешу табори домод бо қаҳр ба қудои касалиашон норозиёна менигаристанд.

- Очаҷон, ман ба хонаи бахтам меравам, як дуо кунед!

- Куҷо мерӣ, бачам, ба хонаи ин аҷинаҳо нарав, маро напарто.

Арӯс гирякунон модарашро ба оғӯш кашиду оҳиста гуфт:

- Очаҷон, маро бубахш.

Назираи ақлгумкарда духтарашро аз оғӯшаш раҳо накарда, ба сӯйи домод дод зад:

- Э дев, канӣ сар те духтари маро, ӯ ба ҳеҷ куҷо намеравад!

Шавҳар дасти ҳамсарашро бо зӯрӣ қапиду аз байни издиҳоми тӯйбарон ӯро кашола карда ба даруни хона даровард ва дарро ба рӯяш қулф кард. Садои баланди карнаю сурнай фиғону фарёди Назираи беморро пахш кард.

Шарофат то ба хонаи домод расидан гиристу зиндагии пурсӯзи модарашро пеши назар овард. Модар дар бисоташ ду писару як духтар дошт. Солҳои пеш Назира барин зани тозакору хушзабон дар деҳа набуд. Тамоми сокинони деҳа ҳаваси ӯро хӯрда, мехостанд бо ӯ қудо шаванд. Давраи ҷанги шаҳрвандӣ писари калонии Назира ба гурӯҳи силоҳбадастон ҳамроҳ шуду кирдору хислаташ тағйир ёфт. Бо аҳли оила дағалона муомила мекард. Он вақт Шарофат 7-сола буд. Аммо дар ёдаш ҳаст, ки модараш зани кадбонуи меҳрубоне буд. Касе “модари ту девона аст” намегуфт. Писари калони хонавода Руслан баъди силоҳро дидан ҳатто ба модари азизи худ раҳме надошт. Модар доимо дар танҳоӣ зорияш мекард, ки аз ин гурӯҳи бади ҷомеа худро дур гирад. Аммо Руслан ба суханони модар эътиное намекард. Модар хост, ки ӯро зан диҳад. Аммо Руслан гуфт, ки ҷанг тамом шавад, баъд зан мегирад:

- Оча, ҳоло ман командирам, ҷанг тамом шавад, ягон вазифаи калон мегираму маишат карда мегардам.

- То ба кай хуни ноҳақ мерезӣ, бачаҷонам?

- Э оча, ба дилам задӣ!

Руслан муддати бист рӯз бедарак шуд. Модари сарсону ҳайрон тамоми кӯҳу пуштаро гашта, писарашро пурсон мешуд. Ба назди гурӯҳи силоҳбадастон рафта, зорӣ кард, ки куҷо будани писари азизашро гӯянд. Аммо касе дар куҷо будани ӯро намедонист.

Рӯзе як сокини деҳа хабар овард, ки либосҳои хунолуди Русланро аз гӯристони деҳа пайдо кардааст. Ин сокин дар гӯристони деҳа ба ҳайси қаровул кор мекард. Ӯ нақл кард, ки либосҳо назди қабре мехобиданд.

- Не ин дурӯғ аст, ин писари ман нест. Руслани ман ҳоло шаҳди чодару чаманро начашидааст,- Назира ба гапи ин мард бовар накарда, роҳи қабристонро пеш гирифт. Шавҳараш, ки охирин бор бо писари калониаш ҷанҷол карда буд, ба кофтукоби писар нарафт.

Назира ба назди қабри нимкушода омаду бовар накарда, қабрро бо дастонаш кофтан гирифт. Баъди як соат қабрро кушоду назараш ба ҷасади писараш афтод.

Ӯ аз холи пушти гӯши ҷасад аллакай ҳис кард, ки ин ҷасади писари калониаш аст. Воҳ гуфту ба қабр сарозер афтод. Вақте ба худ омад, худро миёни мурдаҳои морг дид. Аз фарёди сахти ӯ тамоми кормандони морг давида омаданд.

- Тавба, ин занак зинда будааст! Зуд кислород биёред!

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД