Баъди ин ҳодисаи мудҳиш Назира ба худ наомад. Осеби рӯҳи дида, ақлаш оҳиста-оҳиста кам шудан мегирифт. Баъди даҳ сол аллакай Назира ба Назираи камақл мубаддал гашта, ҳама ӯро «Назаҷиндӣ» мегуфтанд. Агар ба кӯча барояд, ҳатман бо ягон нафар ҳамсоя ҷанг мекард, дастбагиребон мегардид.
Ҳамсояҳо борҳо ба хонаи онҳо омада, бо писару духтараш муноқиша карда мегуфтанд, ки девонаи очаатонро уҳда карда наметавонед, ба девонахонаи Куктош бурда супоред.
Шарофат аз ин суханони талхи ҳамсоҳо ба хашм омада, дар ҷавоб мегуфт:
- Очаи маро ғами писар девона карда бошад, шумо одамони ҳушёрро бошад, бедардиву бераҳмӣ девона кардааст. Коратон ба очаи ман набошад!
Падар борҳо бо писару духтараш маслиҳат кард, ки маро зан диҳед, очаатон акнун дигар сиҳат намешавад. Аммо Шарофат сахт ҷанҷол бардошта, мегуфт, ки то вақте ман зиндаам, модарам дар ҳамин хона мемонад, зангир бошед, равед ба хонаи ҳамон зани мегирифтаатон. Падар дигар дар ин мавзуъ баъди ин суханони қатъии духтараш гап намезад.
Шарофат бо Фарид ҳамсабақ буд. Падару модари Фарид сараввал барои хостгории Шарофат розӣ нашуданд. Чунки аз шиносҳо огаҳӣ ёфтанд, ки модари Шарофат ба касалии равонӣ гирифтор аст. Онҳо ба Фарид гуфтанд, ки «охир, писарам, магар фикри ояндаи фарзандонатро намекунӣ, охир, модари ӯ касалии равонӣ доштааст, пас зани ояндаи ту низ мисли модараш хоҳад шуд, он гаҳ ту фақат касалбон мешавӣ»
Аммо Фарид қатъӣ ба ваъдааш истода, ба падару модар гуфт, ки ба ғайр аз Шарофат каси дигарро ба занӣ намегирад.
Рӯзи хостгорон омадан Назира аз хурсандӣ сурудхонӣ карда мегашт рӯ-рӯйи ҳавлӣ. Шарофат аз модар хоҳиш кард, ки очаҷон, ҳозир меҳмон меояд, шумо ба саратон рӯймол бандеду либоси зебоятонро пӯшед.
- Чӣ, ин либосам безеб аст магар?,- якбора сахт ба фиғон омад Назира.
- Очаҷон, бас кунед,- Шарофат модарро базӯр ором кард.
Солҳои зиёд аст, ки онҳо модари беморро ба назди психологҳову духтурони асабшинос мебаранд, аммо бефоида аст. Тақдираш будааст...
Дар тарабхона ҳама мерақсиданду шодбошиҳо мегуфтанд. Ровии тӯй “акнун модарони ҳарду хонавода ба толор бароянд” гуфту арӯс аз ҷой бархоста, қариб бо тамоми овоз ровиро дашном бидиҳад. Модари азизи беморашро аз байни меҳмонону хешу таборон ҷӯё шуд. Саволомез ба акаву янгааш нигарист. Янгааш омада, ба гӯшаш оҳиста гуфт, ки модаратро дар хона монда омадем.
- Чаро, магар модарам одам нест?
- Охир, тағоям (падарарӯс) ӯро аз берун қулф карда омад.
- Падарамро ҷеғ занед.
Падар ба назди мизи арӯсу домод омад.
- Падар, зуд рафта модарамро ба тарабхона биёред.
- Охир...
- Падар…
Падар ноилоҷ ба берун баромаду мошини як бародарзодаашро гирифта, ба хона рафт. Назира даруни хона якпаҳлу афтода, аз даҳонаш кафки сафед мерафт. Ӯро падар зуд ба беморхона бурд. Аммо тақдири бераҳм дар пешонии ӯ чунин насибаро навишта буд…
Шаҳлои НАҶМИДДИН