Tcell барои саҳми арзанда дар ташаккули буҷаи давлат соҳиби Ифтихорнома гашт
06.02.2026
Oila.tj
86

Бо ибтикори Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи Crowne Plaza чорабинии бошукӯҳ баргузор гашта, беҳтарин андозсупорандагони сол муайян карда шуданд. Ширкати Tcell барои риояи қонунгузории андоз, шаффофияти фаъолияти молиявӣ ва саҳми арзандааш дар ташаккули буҷети давлат бо Ифтихорномаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Солеҳзода Аюбҷон Маъруф, муовини аввали раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни супурдани ҷоиза зикр намуд, ки ширкати Tcell ҳамчун андозсупорандаи масъулиятшинос дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда мегузорад.

Озодхон Давлатшоев, Директори генералии Tcell ба масъулини Кумитаи андоз барои чунин қадршиносӣ изҳори сипос намуда, гуфт: “Мо аз ин қадршиносӣ ифтихор дорем, зеро дар паёмҳои ахири худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти ҳаётан муҳими интизоми молиявиро барои рушди кишвар таъкид намуданд. Сари вақт пардохт намудани андозҳои давлатӣ барои мо натанҳо уҳдадорӣ, балки имконияти саҳм гузоштан дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими ҳаёти кишвари азизамон, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва рақамикунонӣ аст. Ин ҷоиза собит менамояд, ки ширкати Tcell шарики боэътимод буда, дар рушди иқтисодии ҷумҳурӣ саҳми худро мегузорад. Мо ба Кумитаи андоз барои чунин қадршиносӣ изҳори сипос намуда, ваъда медиҳем, ки минбаъд низ барои рушди ҳамаҷонибаи кишвари азизамон талош хоҳем кард”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД