sebiston july new
Театри “Афсона” ба кӯдакон афсонаи зинда тӯҳфа кард
493


Студияи актёрии “Маркази наврасон ва кӯдакони шаҳри Душанбе “ бо роҳбарии Бекмуҳаммади Асомиддин рӯзи 4 март ба ифтихори “Рӯзи модар”дар “Маркази дастгирии оила ва кӯдакӣ №2”-и шаҳри Душанбе намоишномаи зебори афсонавиеро пешкаши дӯстрӯякон гардонд.

photo_2023-03-04_10-04-18

 

Дар оғоз чанд нафар аъзоёни ин гурӯҳ саҳначаи тарбиявиеро манзури тарбиятгирандагони “Маркази дастгирии оила ва кӯдакӣ №2”-и шаҳри Душанбе гардониданд, ки мавзӯяш ғолиб омадани некӣ бар бадӣ буд. Тавре ки ҳунармандони ҷавон гуфтанд, мақсади пешкаш кардани ин саҳнаи ҷолиб ба роҳи бад нарафтани кӯдакон мебошад.

photo_2023-03-04_10-04-42

 

Баъди ба охир расидани ин саҳнача роҳбари гурӯҳ Бекмуҳаммади Асомиддин ба хурдсолон чанд намуд чашмбандиро пешкаш карда, хурдтараконро бо ҳунару маҳорати сеҳрангезаш ба ҳайрат овард. , ки ҳамаи кӯдаконро бо ин асрори чашмбандии худ ба ҳайрат овард. Кӯдакон бо дидани ин саҳначаҳои пур аз сеҳру ҷоду ба ваҷд омада, дурудароз кафкӯбӣ намуданд.
Тавре ки роҳбари студияи актёрии “Маркази наврасон ва кӯдакони шаҳри Душанбе” зимни сӯҳбат бо мо гуфт:
“Ҳадафи пешниҳод кардани чунин намоиши ҷолибу дилписанд дар “Маркази дастгирии оила ва кӯдакӣ №2”-и шаҳри Душанбе хурсанд кардани кӯдаконе мебошад, ки бо сабабҳои гуногун аз муҳаббати волидон дур мондаанд. “

photo_2023-03-04_10-18-20

Ин ҳунарманд мегӯяд, студияи актёрии “Маркази наврасон ва кӯдакони шаҳри Душанбе” ва театри “Афсона” дар тамоми идҳо ба мактаб-интернатҳо рафта ба таври ройгон барои хушҳолии тифлакон чунин афсонаҳои зиндаро намоиш медиҳанд.

Ҳақназарова Мастона, мураббияи гӯруҳи 4,ки айни замон 13 нафар кӯдаконро дар бар мегирад, мегӯяд:
“Дар тамоми иду ҷашнҳо бо дастгирии директори “Маркази дастгирии оила ва кӯдакӣ №2”-и шаҳри Душанбе Нигина Давлатзода ва дигар сарпарастон дар ин даргоҳ чунин чорабиниҳо гузаронида мешаванд, инчунин кӯдакони дар ин марказ буда бо 5 вақт хӯроки гарм таъмин ҳастанд. “

photo_2023-03-04_10-19-08

“Маркази дастгирии оила ва кӯдакӣ №2”-и шаҳри Душанбе айни ҳол дорои 60 кӯдак ва 112 коргар мебошад.
М. Усмонзода

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД