Arzon march 2024
Тӯҳфаи Фараҳманд дар рӯзи "Артиши миллӣ"
1118

Фараҳманд Каримов – яке аз сарояндагони ҷавону хушовози кишвар аст,ки тавонистааст бо сурудҳои дилнишини худ дар байни хурду калон маҳбубияти худро пайдо намояд. Таронаҳои Фараҳмандро дар ютуб миллионҳо нафар тамошо карда, ба ҳунари ин ҷавони тоҷик баҳои хеле баланд медиҳанд.

Рӯзи гузашта Фараҳманд Каримов таронаи нави худро дар Ютуб-Канали хеш бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ ва 30-юмин солгарди таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо унвони “Сарбози Ишқ” пешкаши мухлисони худ гардонд. Ин суруди дилнишинро дар 12 соат зиёда аз 50 ҳазор нафар тамошо карда, зераш шарҳҳои зиёде навиштаанд.

Тарона бисёр марғубу дилчасп буда, бо дастгирии Вазорати мудофияи ҶТ, Комиссарияти ҳарбии вилояти Суғд дар дивизияи 11-ум дар гарнизони вилояти Суғд ба навор гирифта шудааст. Матни суруд аз шоири халқии Тоҷикистон Устод Озарахш буда, оҳанг аз Сорбон Норбадалов мебошад.Суруд бо чунин мисраъҳо оғоз меёбад:

Очаҷон гиря макун меравам ба аскарӣ,
Писарат гашта калон, ки дигар ғам нахурӣ.

Фараҳманд Каримов зимни сӯҳбат бо мо гуфт, ки хизмат дар Ватан-Модар ин яке аз давраҳои беҳтарин аст, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Он хеле зуд мегузарад ва қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди асил аст.

Мо ба Фараҳманд Каримов парвозҳои баланди эҷодӣ таманно намуда, боварӣ дорем, ки ин ҷавони хушовоз минбаъд барои рушди санъати тоҷик саҳми босазои худро мегузорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД