Arzon march 2024
Тиффани Трамп шавҳари аз худаш хурд кард
741

Тиффани Трамп, духтари хурдии президенти собиқи Амрико Доналд Трамп, ки 29 сол дорад, летняя, ба дӯстдоштаи 25-солааш Майкл Булос, ки яке аз даҳ миллиардери олам аст, ба шавҳар баромад. Дар ин бора хабаргузории “Daily Mail” навиштааст.

Ба зикри расона, ҳанӯз дар моҳи январ Трамп онҳоро фотиҳа карда буд ва дирӯз тӯяшонро гузарониданд. Маросими хурсандӣ дар қасри падараш дар Палм-Бич гузашт.

«Духтари хурдии президенти пешин бо либоси арӯсии шоҳдухтарҳо, ки думи дароз дорад, ба тахт баромад. Арзиши онро 200 000 доллари амрикоӣ гуфтанд. Чорабинӣ дар ҳавлии қасри падараш бо иштироки 500 меҳмони воломақоми оилаи Трамп ва ҷониби домод доир шуд. Меҳмононро дар назди даромадгоҳи қаср, ки ба шакли арк сохта шуда буд, худи президенти пешин ва аҳли оилааш истиқбол гирифтанд”,-навиштааст расона.

Ба зикри ин хабаргузорӣ, дар ин тӯй Трамп миллионҳо доллар харҷ ва бештар аз ин даромад кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД