sebiston july new
Тиллофат Шоева: Дар гирди деги суманак рақс мекунам!
3644

Тиллофат Шоева яке аз ровиёни хушсадои тоҷик аст, ки бо садои фораму ҳунари волояш маҳфил ва тӯю маъракаҳоро обод месозад. Мо бахшида ба иди “Наврӯз” дар бораи он, ки Тилофатбону “Наврӯз”-ро чӣ гуна дар куҷо ҷашн мегирад, сӯҳбате оростем, ки фишурдааш пешкаши шумо мегардад. 

Наврӯзи оламафрӯз муборак бошад Тиллофатбону!

-Як ҷаҳон ташаккур! Ба шумо ва кулли мухлисони сомонаи “Оила” ҳам фасли зебои баҳор ва наврӯзи дилафрӯз муборак бошад. Бигзор ин иди пурфайзу баракат ба тамоми сокинони кишварамон танҳо хушбахтӣ ва пирӯзӣ оварад.
Тиллофатбону Наврӯзро чӣ гуна ҷашн мегиред?
- Тӯли чанд сол мешавад, ки ҷашни Наврӯзро дар чорабиниҳои давлатӣ ба ҳайси ровӣ ҳамроҳи бародарам Раҷ Ахмад дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумхурӣ ҷашн мегифтему дар ин фасли зебои Баҳор шодишарики мардум мегаштем ва бо онҳо хурсандӣ мекардем.
Имсол Наврӯзро дӯчӣ гуна ҷашн гирифтаниед?
Ман бори аввал тасмим гирифтам , ки имсол Наврӯзро бо аҳли хонаводаам ба шаҳри Казан рафта дар онҷо бо тантана ва хурсандии зиёд ҷашн гирам.
-Бо ин қадар серкорӣ дар ҷашни Наврӯз вақт меёбед суманак пазед?
-Бале, ман ҳар ҷашни Наврӯзро бесаброна интизор мешавам. Наврӯз, ки шуд, дар хавлӣ бо хешовандону наздикон ва ҳамкасбон дастархони идона ороста, хӯрокҳои миллӣ ва суманак мепазем. Ҳамзамон дар гирди деги Суманак шеър хонда, рақсу бозӣ мекунем ва Наврӯзро бо шодиву хурсандии хоса ҷашн мегирем.
-Кори эҷодӣ аз кас нерӯи зиёдро талаб мекунад.Хастагии худро чӣ гуна бартараф месозед?
-Бароям як зани коргар будан ифтихор аст, зеро ниёз ба ягон мард надорам. Дар чанд ҷой аз ҷумла дар ширкати мобилӣ инчунин ба ҳайси ровӣ дар чорабинӣ ва тӯю маъракаҳо кор мекунам. Хастигиамро дар назди модарам ва фарзандон, фарзандони падарам бо суханҳои ширин ва насиҳатҳову дуои неки модарам мебарорам
-Таманниёти шумо ба мардуми Тоҷикистон дар иди Наврӯз?
-Ба кулли мардуми сарбаланди тоҷик саломативу сарбаландӣ мехоҳам. Бигзор ҳамеша дар Ватани азизамон сулҳу субот пойдор бошаду мардуми мо бо хушиҳо умр ба сар баранд. Баҳори нозанин ва Иди навруз бори дигар муборак бошад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД