goodwell
Тобути 16 зодаи Тоҷикистонро аз хориҷи кишвар ба Ватан овардаанд
192

Тариқи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тӯли шаш моҳи соли равон тобути 16 шаҳрванди Тоҷикистонро ба Ватан овардаанд. Масъулини Агентии ҳавонавардӣ дар ин бора имрӯз, 8-уми июл зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфтанд, ки тариқи се фурудгоҳи дигари кишвар ягон тобут оварда нашудааст.

Аммо маълум нест, ки тобути зодагони Тоҷикистон аз кадом кишварҳо оварда шудааст ва сабабҳои маргашон чӣ будааст.

Ҳамасола тобути чандин шаҳрванди Тоҷикистонро аз мамолики хориҷӣ ба ватан меоранд, ки аксарияташон дар Русия мефавтанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД