sebiston july new
Тобути шаҳбачаҳои тоҷикро оварданд
2768

 

Шаш муҳоҷири тоҷик, ки дар як гармхона дар шаҳри Волгагради Русия вафот карда буданд, субҳи рӯзи 30-январ тобути онҳоро ба Тоҷикистон оварданд.

Ин муҳоҷирони тоҷик зодагони вилояти Хатлони Тоҷикистон буда, аз 21 то 36 сол доштаанд. Бино ба итилои расмӣ, онҳо бар асари заҳролудшавӣ даргузаштанд.

Сафорати Тоҷикистон хостааст, сабабҳои марги муҳоҷирон одилона ва то охир таҳқиқ карда шавад, вале мақомоти Русия дар се рӯзи охир ҷузъиёти дигаре надодаанд,-хабар додааст Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш.

"Қобилҷон ва Қосимҷон ният доштанд, ки баҳори имсол ба зодгоҳ баргашта, оиладор шаванд ва ҳатто як хонаро барои арӯсии онҳо омода карда буданд, аммо ин орзуи ҷавонони ормонӣ амалӣ нагашту ба чанги аҷал афтоданд ва бо сабаби заҳролудшавӣ ин дунёро падруд гуфтанд,-омадааст дар хабар.

Се муҳоҷири фавтида –

• Қобилҷон Файзиддинови 21-сола,

• Қосимҷон Файзиддинови 20-сола ва

• Нуриддин Файзиддинови 36-сола –

аз як оила ва аз деҳаи Наврафтори ноҳияи Вахш будаанд.

Хонаводаи Файзиддиновҳо, ки дар ноҳияи Вахш зиндагӣ мекунанд ва фарзандонашон дар Русия ба таври қонунӣ дар як ширкат кор мекарданд, тасмим надоранд, ки бар зидди он шикоят баранд.

Се муҳоҷири дигар –

• Саидакрам Кабутови 22-сола аз ноҳияи Вахш,

• Идибек Саломови 30-сола аз ноҳияи Ҷайҳун ва

• Муҳаммадҷон Раҳмоналии 22-сола аз ноҳияи Ҳамадонӣ будаанд.

Муфаттишон гуфтаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон бар асоси патент ё иҷозатнома фаъолияти қонунӣ доштанд, вале қоидаҳои бехатариро дар гармхона риоят накардаанд.

Ҳар сол садҳо ҳазор кас ба далели набудани ҷойи кору маоши муносиб дар Тоҷикистон ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд, то барои зиндагӣ, таҳсил ва хариди манзилу баргузории маъракаҳо маблағи кофӣ ба даст биоранд.

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД