arzon replenishment
ТОҶИКДУХТАР ИТАЛИЯРО ҚОИЛ КАРД
3072


Бонувони фариштарӯйи тоҷик бо чашмони фаттону ҳусни малакутӣ ва ҳунару истеъдоди волои худ шӯҳраи олам гаштаанд.

Яке аз чунин духтарони номбардори миллат актриссаи ҷавон Рафоат Шоазимова мебошад, ки дар фестевали байналмиллалии “Asti” дар Итолиё синамгарони машҳури оламро қоил карда, беҳтарин дониста шуд. Дар ин бора Ступник хабар додааст.

Филме, ки ба ин ҳунарпешаи ҷавон дар озмуни байналмиллалии кино шӯҳрат овард "Провенциальные мечтатели" (Хаёлпарастони музофти) ном дошта, маҳсули тахаюл ва заҳмати эҷодии коргардони ҷавон, вале хеле муваффақи тоҷик Румӣ Шоазимов мебошад.

Рафоат пирӯзиашро дар ин озмуни байналмиллалӣ самари заҳмати тамоми гурӯҳи эҷодӣ медонад. Актрисса комёб гаштани худро дар чунин як ҷашнвораи баландпоя, ки дар он устодони соҳаи синамо ва ситораҳои ҷаҳонии кино ширкат доштанд, ғайри интизор хонда, гуфтааст, худро мисли Золушка, ки ба бал рафта бо шоҳзода вохӯрд, хушбахт эҳсос мекунад.

"Ҳама дар офаридани нақш ба ман кӯмак карданд ва ин пирӯзии умумии мост. Ман шодам, ки филми тоҷикӣ дар Итолиё, ватани коргардонҳои барҷаста муаррифӣ шуд. Ман ин пирӯзиро мисли Золушка дарёфтам, ки ба бал мерасаду шоҳзодаро мебинад...."

Ғолибияти Рафоат дар ин фестивал барои коргардони филми "Провенциальные мечтатели” Румӣ Шоазимов, ки бародари актрисса мебошад, бурди дутарафа маҳсуб меёбад. Румӣ ба директори кинофестивал Риккардо Коста, ба ташкилкунандагони ҷашнвораи “Asti" , ҳамчунин ба ширкати русии CinePromo барои пешбарии филм ба фестивали байналмиллалӣ изҳори миннатдорӣ намуда, муваффақияти ба даст омадаро самари заҳмати тамоми ҳайати ҳунарии филм хондааст.

Румӣ мегӯяд, ҳамроҳи аҳли хонаводаашон маросими ҷоизасупориро, ки дар он ҳунармандони сатҳи ҷаҳонӣ ширкат доштанд, бо шавқ тамошо карда, аз пирӯзии хоҳари худ шодмонӣ карданд.

Ёдрас мешавем, ки филми бадеии "Хаёлпарастони музофотӣ" соли 2020 дар киностудияи "Тоҷикфилм" ба навор гирифта шуда, қаблан дар ҷашнвораи байналмиллалии филмҳои "Падарон ва фарзандон" се ҷоиза ба даст оварда буд. Айни замон филми мазкур дар Севастопол низ дар доираи озмуни "Золотой Витяз" намоиш дода мешавад.

Ба гуфти коргардон Румӣ Шоазимов филми нави ӯ дар жанри мураккаби мазҳака ба навор гирифта шудааст ва аз ду қисм иборат буда, ғояи асосиаш арзишҳои оилавӣ ва робитаи байни наслҳо мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД