Рӯзҳои наздик корвони пурбори ёрии башардӯстона, ки Тоҷикистон барои мардуми Ғазза омода намудааст, ба ниёзмандон хоҳад расид.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз, 6-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт: “Корвони навбатии ёрии башардӯстона тавассути қаламрави Миср ба мардуми Навори Ғазза расонида мешавад”.
Вазир иттилоъ надод, ки кумакҳо аз чӣ иборатанд, танҳо ёдрас гашт, ки Тоҷикистон аз оғози ҷанги Исроил дар Ғазза танҳо хостори ҳалли сулҳомези ин низоъ мебошад.
Ёдрас мешавем, ки кишвари мо моҳи январи соли 2025 низ барои мардуми Ғазза 200 тонна орд ва кумаки башардӯстона фиристода буд.