goodwell
Тоҷикистон дар финали «King’s Cup» шикаст хӯрд
63
no-img

Тоҷикистон дар финали «King’s Cup» шикаст хӯрд

Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии финалии мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» аз тими миллии Тайланд бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуда, аз ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ маҳрум гардид.

Вохӯрии ниҳоии 52-юми мусобиқаи анъанавии «King’s Cup» дар шаҳри Сисакети Тайланд бо ҳузури 17 ҳазору 426 тамошобин баргузор шуд.

Голҳои тими мизбонро Супачок Сарачат дар дақиқаи 40-ум ва Тирасак Поэйфимай дар дақиқаҳои 50-уму 75-ум ба самар расониданд.

Дар ҳайати Тоҷикистон Нозим Бобоҷонов дар дақиқаи 38-уми бозӣ корти сурх гирифт ва мунтахаби кишвар қисми боқимондаи дидорро дар ақаллият идома дод.

Бо ин натиҷа, мунтахаби Тайланд ғолиби мусобиқаи имсола гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД