Тоҷикистон дар сохторҳои давлатӣ зеҳни сунъиро ҷорӣ менамояд
90

Тоҷикистон аввалин кишваре хоҳад гашт, ки дар бахши давлатӣ зеҳни сунъиро ҷорӣ менамояд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо Perplexity AI Epsilon3.ai зимни конфронси AI CONF дар Душанбе дар бораи ба кор андохтани Comet AI Browser - аввалин браузери AI барои идоракунии давлатӣ қарордод ба имзо расонидаанд. Comet AI Browser ба роҳбарони сохторҳои давлатӣ дар таҳлили маълумот, ҷамъоварии омор, омода кардани ҳуҷҷатҳо ва гирифтани тавсияҳои таҳлилӣ кумак расонида, самаранокӣ ва шаффофияти идоракунии давлатиро афзоиш медиҳад.

Ифтитоҳи озмоишӣ тирамоҳи соли 2025 ба нақша гирифта шуда, 140 нафар кормандони вазорат ин системаро меомӯзанд. Аз соли 2026 ин лоиҳа дар дигар вазорату идораҳо ва ҳукуматҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои кишвар татбиқ карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД