goodwell
Тоҷикистону Амрико парвозҳои мустақимро баррасӣ карданд
09.11.2026
Оила
63

Тоҷикистону Амрико парвозҳои мустақимро баррасӣ карданд

Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имкони роҳандозии парвозҳои мустақим байни ду кишварро баррасӣ кардаанд. Дар сурати ба роҳ мондани ин хатсайр, интизор меравад, ки аз ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва аз ҷониби Амрико ширкати «United Airlines» парвозҳоро анҷом диҳанд.

Ба иттилои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, ин масъала зимни мулоқоти Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Агентӣ бо Карсон Релитс Рокер, кордори сафорати ИМА дар Душанбе баррасӣ шудааст.

Манбаъ хабар медиҳад, ки ҳоло байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Амрико созишномаи «Дар бораи алоқаи ҳавоӣ» таҳия гардида, дар баррасии вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон қарор дорад.

Ҳадафи таҳияи ин санад густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои рушди робитаҳои ҳавоӣ арзёбӣ мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД