35 years of independency
ТОЛЕЪНОМАИ 1-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2026
473

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз корҳои хонагӣ вақти зиёди шуморо мегиранд, аммо фурсат пайдо мекунед, ки корҳои дермондаро ба анҷом расонед. Дар оила оромиву тартиб ҳукмфармо хоҳад буд. Барои мулоқотҳои расмӣ ва оғоз кардани корҳои нав рӯз чандон мувофиқ нест; беҳтараш корҳои кӯҳнаро ба тартиб дароред. Барои соҳибкорон имкони бастани муомилаи фоидаовар вуҷуд дорад. Дар масъалаҳои саломатӣ эҳтиёт кунед, эҳтимоли сарчархӣ ва тағйироти ногаҳонӣ вуҷуд дорад.

Савр (21 апрел-21 май)

Муносибати дӯстона метавонад ба муҳаббат табдил ёбад, вале пеш аз қадам гузоштан хуб андеша кунед, то дӯстии худро аз даст надиҳед. Ба наздикон дар ҳолати зарурӣ бо самимият кӯмак кунед. Имрӯз кӯшиш кунед, ки каме аз фикрҳои молиявӣ дур шуда, истироҳат кунед. Қатъият ва нерӯи шумо барои бартараф кардани мушкилот кумак мерасонад. Аз тағйирот натарсед. Барои саломатӣ сайругашт ва машқҳои сабук хеле муфид хоҳанд буд.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Муносибатҳои ошиқона имрӯз бо меҳру самимият ва эҳсосоти гарм ҳамроҳ мешаванд. Нохушиҳои гузашта тадриҷан аз байн мераванд. Агар рӯҳиятон чандон хуб набошад, нагузоред, ки он муносибататонро бо наздикон вайрон кунад. Эҳтимол аст, ки дар кор вазифаи беҳтару ояндадор пешниҳод шавад, вале масъулият ҳам зиёд мегардад. Барои муомилаҳои тиҷоратӣ ва баъзе қарорҳои ҷиддӣ рӯз мусоид аст. Даромади нав метавонад хароҷоти зарурии шуморо таъмин кунад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз эҳтимоли ҳалли баъзе мушкилоти шахсӣ зиёд аст ва шояд яке аз орзуҳои деринаатон амалӣ шавад. Бо вуҷуди ин, ғамхорӣ ба хешовандон метавонад вақти зиёдро гирад. Барои расидан ба ҳадафҳои худ дониш ва малакаҳои навро омӯзед. Дар масъалаҳои молиявӣ ба сухани ҳар кас бовар накунед, зеро эҳтимоли зарар вуҷуд дорад. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ кунед. Ғизои солим, хоби кофӣ ва машқи сабук ба шумо нерӯи бештар мебахшанд.

Асад (23 июл-23 август)

Агар эҳсос кунед, ки муносибататон дигар пеш намеравад, шояд вақти он расидааст, ки ба зиндагии худ бо назари нав нигоҳ кунед. Саёҳати кӯтоҳ бо аҳли оила метавонад муносибатҳоро гармтар созад. Дар кор заҳмати пешинаатон аз ҷониби роҳбарият қадр мешавад ва эҳтимол аст лоиҳаи муҳиме ба шумо супоранд. Ҳангоми кору қабули қарорҳо шитоб накунед, як хатои хурд метавонад мушкилоти ҷиддӣ ба вуҷуд оварад. Ба ғизои сабук бештар таваҷҷуҳ кунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзҳои мусбати гузашта идома меёбанд ва эҳсосоти шумо метавонанд қавитар шаванд. Нерӯ ва ҳаваси зиёде барои кор доред, аммо ба талаботи наздикон низ вақт ҷудо кунед. Бегоҳ эҳтимоли гирифтани хабари хуш вуҷуд дорад. Барои оғоз кардани кори нав рӯз хеле мувофиқ аст ва метавонед қобилиятҳои худро хуб нишон диҳед. Дар хариду ҳисоби пул эҳтиёткор бошед, зеро хатари фиреб ё дуздӣ вуҷуд дорад. Муоинаи дандон низ муфид хоҳад буд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз шиносоии ғайричашмдошт ё мулоқоти ошиқона имконпазир аст, аммо дар интихоби муносибати нав шитоб накунед. Муносибат бо шахси наздик метавонад боз ҳам самимитар шавад ва ҳатто як маҳфили дӯстона ташкил кардан мумкин аст. Барои соҳибкорон пешниҳодҳои хуби тиҷоратӣ пайдо мешаванд, вале онҳоро пеш аз қабул бодиққат омӯзед. Ба хароҷоти ғайричашмдошт омода бошед ва каме маблағи захиравӣ нигоҳ доред. Агар бемории кӯҳна доред, ба нишонаҳои он беэътиноӣ накунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз кӯшиш кунед муносибатро бо шахси дӯстдошта беҳтар созед ва мушкилоти кӯҳнаро як бор барои ҳамеша ҳал намоед. Корҳои хонагӣ бе хароҷоти зиёд ба осонӣ анҷом меёбанд. Ҳоло вақти танбалӣ нест, бо ҷиддият кор кунед, зеро натиҷаи заҳмататон метавонад хеле хуб бошад. Даромади иловагӣ эҳтимол дорад ва вазъи молиявӣ беҳтар мешавад. Эҳтимол аст худро каме заифу бемадор ҳис кунед, бинобар ин бештар истироҳат кунед ва нерӯ ҷамъ намоед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ҷодаи муҳаббат шитоб накунед. Барои сохтани муносибати устувори ошиқона вақт лозим аст ва фишор овардан метавонад шахси дӯстдоштаро аз шумо дур кунад. Имрӯз бо наздикон баҳс накунед, то муносибатҳо вайрон нашаванд. Эҳтимол баъзе масъалаҳои рӯзҳои гузашта ниҳоят ҳалли худро ёбанд. Барои рафъи хастагӣ сайругашти кӯтоҳ ё масҳ муфид аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Кор метавонад ба шумо барои барқарор кардани оромии рӯҳӣ кумак кунад. Бо одамони атроф бештар муошират кунед ва аз шиносоии нав натарсед. Имрӯз эҳтимоли як суҳбати ҷиддӣ вуҷуд дорад; кӯшиш кунед ба баҳсҳои шахсӣ нагузаред. Мушкилоте, ки дер боз ҳал нашудаанд, ниҳоят метавонанд пеш раванд. Агар зарур бошад, аз дӯстону ҳамкорон маслиҳат ё кӯмак пурсед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед, эҳтимоли фиреб вуҷуд дорад. Қувваатонро беҳуда сарф накунед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Муносибат бо шахси дӯстдошта метавонад каме сард шавад, бинобар ин мушкилоти мавҷударо ошкоро ва оромона муҳокима кунед. Ба эҳсосот дода нашавед ва бо наздикон ҷанҷол накунед. Агар кор ба шумо дилгиркунанда шуда бошад, каме истироҳат кардан лозим аст. Дар масъалаҳои маблағҳои калон беҳтараш аз мутахассисон маслиҳат гиред, то ба хато роҳ надиҳед. Эҳтимол субҳ каме дарди сар дошта бошед, вале бо истироҳати кӯтоҳ вазъ беҳтар мешавад.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Барои волидон имрӯз муошират бо фарзандони наврас метавонад каме душвор бошад; кӯшиш кунед шавқу завқи умумӣ пайдо кунед. Дар кор рӯзи хеле хуб аст: лоиҳаҳои кӯҳна метавонанд бомуваффақият анҷом ёбанд ва корҳои нав босуръат пеш раванд. Ба хароҷоти беҳуда роҳ надиҳед. Дастгирии наздикон барои бартараф кардани мушкилоти молиявӣ кумак мекунад. Ба намуди зоҳирӣ ва нигоҳубини худ низ вақт ҷудо намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД