ТОЛЕЪНОМАИ 11-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2025
1561

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз муносибатҳо бо наздикон аз меҳру муҳаббат вобастаанд. Агар бо дили гарм хӯрок пазед ё ғизои болаззат омода кунед, ин метавонад муносибатҳоро беҳтар кунад. Дар хона каме нофаҳмӣ рух диҳад ҳам, аз муколама нагурезед, бо оромӣ фикри худро бигӯед ва ба сухани дигарон гӯш диҳед. Дар масъалаҳои пулӣ эҳтиёт кунед: имрӯз беҳтараш чизеро тағйир надиҳед, то худро ба мушкил наандозед. Варзишҳои вазнинро муваққатан ба таъхир гузоред.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз муносибатҳои нави ошиқона хеле хуб оғоз меёбанд. Ба сухан ва ҳиссиёти шахси дӯстдошта бодиққат бошед. Шояд каме изтироб ё хастагӣ эҳсос кунед. Аз нафароне, ки нисбати шумо некбин нестанд, эҳтиёт кунед, махсусан дар ҷойи кор. Имкони гирифтани пул, баргардонидани қарз ё ҳақи кор вуҷуд дорад. Дар рӯзҳои наздик эҳтиёт бошед: хатари осеб ёфтан ва сӯхтан вуҷуд дорад.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз барои пайдо намудани муҳаббати нав мусоид нест, шояд инсоне, ки писандатон аст, шуморо руҳафтода созад. Беҳтараш ба корҳои хона машғул шавед, аҳли оила аз шумо миннатдор мешаванд. Вазъият зуд тағйир меёбад, имкони истироҳати хуб кам аст, вале нерӯи шумо кофӣ мебошад. Аз идеяҳои нав нагурезед, агар амалӣ шаванд, зиндагиро хубтар мекунанд. Саломатӣ хуб аст, вале машқи сабуки ҷисмонӣ фоида меорад.

Саратон (21 июн-22 июл)

Шояд имрӯз дар дилатон хоҳиши изҳор кардани муҳаббат пайдо шавад. Навиштани номаи самимӣ роҳи беҳтарини оғози муносибатҳои ошиқона аст. Агар худро хаста ҳис кунед, барои истироҳат вақт ҷудо кунед. Дар масъалаҳои пулӣ ва кор натиҷаи хубро интизор нашавед. Бемориҳои куҳна метавонанд аз худ дарак диҳанд, варзиши вазнинро муваққатан кам кунед.

Асад (23 июл-22 август)

Муносибати ошиқонаатон ҷолибу хотирмон мешавад, аммо дер давом намекунад. Шояд ҳоло омодаи ҷиддӣ нестед. Эҳтимол дар оилаатон нофаҳмиҳо ё асабоният сар занад, ором бошед ва баҳсҳоро бо эҳтиром ҳал кунед. Эҷодкорон метавонанд ба давраи шубҳа ворид шаванд, аз худашон сахт талаб накунанд- илҳом боз бармегардад. Хароҷот зиёд мешавад, аз харидҳои нодаркор худдорӣ кунед. Барои оромӣ варзиш кумак мекунад.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз беҳтараш ба корҳои рӯзгор диққат диҳед, на ба ишқу ошиқӣ. Имкони гирифтани хабар ё вохӯрии писандида вуҷуд дорад. Ба худ айбҷӯӣ накунед ва нисбати ҳамсаратон бештар эрод нагиред. Шояд пешниҳод оид ба кори нав ё вазифаи дилхоҳ ба даст оред. Масъулият ва ҷустуҷӯи фаъолона ба шумо фоида меорад. Мушкилоти молӣ кам мешавад, ҳатто имкони пардохт кардани қарзҳоро пайдо мекунед. Аз хастагӣ эҳтиёт шавед, хоб ва истироҳати хуб муҳим аст.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз метавонед атрофиёнро бо ҷозибаи худ мафтун кунед. Дар хона вазъият беҳтар мешавад, мушкилоти кории ҳамсар коҳиш меёбад, кӯдакон ором хоҳанд буд, аммо ба онҳо вақт диҳед. Пеш аз кори нав ҳама чизро хуб санҷед. Барои омӯзиши касбу малакаҳои нав рӯзи муносиб аст. Аз харидҳои банақшагирифта берун нашавед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз фикр кунед, ки аз зиндагӣ чӣ мехоҳед ва муносибатҳои ошиқона шуморо қонеъ мекунанд ё не. Эҳтимол наздикон шуморо нодуруст фаҳманд, вале ақидаи худро бо виҷдони пок ҳимоят кунед. Дар кор масъулияту тартиботи шуморо роҳбар қадр мекунад. Давоми рӯз хароҷоти калон доред, аммо онҳо дар доираи нақшаанд. Тағйирёбии ҳолати руҳӣ барои ин фасл табиӣ аст, зиёд ғам нахӯред, то ба депрессия наафтед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз нерӯ ва руҳбаландӣ меафзояд. Шояд шахсе дар каноратон пайдо шавад, ки зиндагиатонро беҳтар кунад. Энергияи зиёд метавонад шуморо ба амалҳои саросема водор куна, пеш аз ҳар қадам фикр кунед. Аз орзуҳои калон наҳаросед, қадамҳои ҷасурона натиҷа медиҳанд. Молияро ба нақша гиред: ба кисаи худ нигоҳ карда, пул сарф кунед. Аз ғизои равғанин ва машруботи сахт дурӣ ҷӯед, барои саломатӣ зарар дорад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз бояд ба шахси дӯстдоштаатон вафодор буданро собит намоед. Бори корҳои хонаро танҳо бар дӯш нагиред, ба дигарон низ супоред. Дар касбу кор меҳнату ҷиддияти шумо қадр карда мешавад. Имкони даромади хуб ё муваффақияти пулӣ вуҷуд дорад. Рӯзи мувофиқ барои мулоқот бо дӯстону меҳмонон аст. Барои беҳдошти саломатӣ аз истеъмоли хӯроки равғанин ва нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ кунед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз шояд ба чорабиниҳои зебо ва ҷойҳои гаронбаҳо даъват шавед, ва маҳз он ҷо муҳаббати худро пайдо кунед. Дар муносибати ошиқона пинҳонкорӣ накунед, поквиҷдон бошед. Дар касбу кор бомасъулият бошед, вале дар танҳоӣ кор накунед. Ба маслиҳати дигарон гӯш диҳед ва орзуҳоятонро муайян кунед. Амалҳои марбут ба беҳбудии молӣ натиҷа медиҳанд. Ба ҳолати рӯҳӣ ғамхорӣ кунед, истироҳат барои шумо муҳим аст.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз орзуятон амалӣ мешавад ё ба мақсади худ мерасед. Дар оила ихтилоф эҳтимол дорад, бахусус дар масъалаҳои пул ва тарбияи фарзанд. Дар касбу кор мушкилоти муваққатӣ пеш меояд, ором бошед ва ба эҳсосот дода нашавед. Бештари вақтро ба истироҳат ва корҳои рӯҳбаландкунанда бахшед. Аз наҳорӣ нагузаред, он барои саломатии шумо муҳим аст. Гулҳои хона рӯҳатонро болида мегардонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД