sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 11-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2023
2124
no-img

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар гузашта кори нохубе кардаед, ки то ҳол доғаш дар дилатон нуҳуфтааст. Дар аввали рӯз ҳолати ҳаяҷониро аз сар мегузаронед. Нафареро вомехӯред, ки ба ҳалли масъалаҳои равониатон мусоидат мекунад.  Кӯшиш кунед, то охири рӯз вазифаҳои бар дӯшдоштаатонро ба анҷом расонед. Хабарҳое, ки мешунавед, шуморо парешонхотир месозад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Нимаи аввали рӯз аз таҷрибаи доштаатон ба гурӯҳи кормандонатон омӯзиш гузаронед.  Вазифаҳое, ки бар дӯшатон бор аст, сари вақт ба анҷом расонед. Роҳбаратон нақшаи баланд бардоштани моҳонаатонро кашидааст. То охири рӯз ҳама корҳоятонро баробар карда, шом дар иҳотаи фарзандон будан манфиатбахш аст.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар аввали рӯз нафаре пайдо шуда, бо нигоҳҳои меҳрубонона шуморо ба худаш ҷалб  мекунад. Ҳангоми муносибат бо шахсони бегона эҳтиёткор бошед. Беҳтараш сирратонро ба касе нагӯед. Ҷавзоҳои танҳоро вохӯриҳои хотирмон ва тақдирсоз интизор аст. 

Саратон (22 июн- 22 июл)

Аввали рӯз роҳҳои ҳалли тиҷоратро пайдо намуда, шартномаро ба имзо мерасонед. Барои як қатор дӯстон ва пайвандон рӯзи душанбе каме хатарнок мебошад. Барои иҷрои нақшаҳоятон тасмими ҷиддӣ гиреду нисбати гуфтаи атрофиён бетараф набошед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Имрӯз ба корҳои шахсӣ ва сарпарастӣ машғул шудан айни муддаост. Шарт нест, ки сарпарасти шумо зан бошад ё мард. Муҳим он аст, ки таҷрибаи нокифояатон пурра мегардад. Хабар ё паёмакеро аз дур қабул мекунед, ки интизораш будед. Саломатиатонро дар мадди аввал гузошта, ба гуфтаи табибон амал намоед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Имрӯз даст кашидан аз амалҳои нохубро пешаи худ қарор медиҳед.  Барои нақшаҳои нав маҳз бо шахсоне, ки дар соҳаи тиҷорат таҷрибаи хуб доранд, ҳамсуҳбат шавед. Баъзе сунбулаҳоро лозим аст, ки ба рухсатии меҳнатӣ бароянд.  Охири рӯз парешонхотирӣ азиятатон медиҳад. Беҳтараш ба навиштани мақола ё ягон кори эҷодӣ машғул шавед. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки барои истироҳат вақт ҷудо намоед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Нақшаи амалӣ намудани корҳое, ки ба ҳаёти шахсиатон дахл дорад ва ҳамчунин корҳое, ки ба манфиататон аст, таҳрезӣ намоед. Маслиҳате, ки хосияти махфӣ дорад, ба касе лаб накушоед. Пеш аз сафар мошинатонро аз назари усто гузаронед. Охири рӯз шуморо ба меҳмонӣ даъват мекунанд. Агар аз рафтан ба онҷо худдорӣ намоед, беҳтар мебуд.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Ақрабҳоро навгониҳои зиёде дар ин рӯз интизор аст. Аз ҳама масъалаи муҳим корҳои хонаро ба анҷом расонидану норасогиҳои оиларо баробар кардан пеш меояд. Ҳамчунин, корҳое, ки бароятон муҳим аст, хотима бахшед. Вохӯрӣ бо дӯстонро дар соатҳои берун аз корӣ ба нақша гирифтан манфиатбахш аст. Зимни мулоқот бо шахси ношинос эҳтиёткор бошед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Қавсҳоро баъзе мушкилиҳои вобаста ба нақлиёт ва техникаҳои маишӣ пайдо мешавад. Нофаҳмиҳо байни пайвандон ба миён меояд. Қавсҳое, ки имкони забономӯзӣ доранд, вақти хуб аст. Пешниҳод ва андешаи дигаронро ба назар гирифта, идеяи худро тартиб диҳед. Истироҳатро фаромӯш насозед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Аввали рӯз мушкилоти пулиатон ҳалли худро меёбад. Барои тарҳи нақшаи нав каме фурсат аст. Ба нафаре, ки дур аз шумо қарор дорад, метавонед дар дилхоҳ вақт муошират намоед. Корҳое доред, ки бояд ба анҷом расонед, бо дахолату монеагии дигарон ҳал нашуда мемонад. Дар охири рӯз бештараш ба аёдати волидон равед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Муносибатро бо атрофиён хуб намуда, нақши онҳоро дар пешрафти кору зиндагиатон баҳо диҳед. Ба хотири он ки бонк пулҳоятонро якбора баргардонида наметавонад, мушкилии бепулӣ пешорӯятон меояд. Супоришҳои таҷилиро ба анҷом расонида, роҳбаратонро дилгарм намоед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Нақшаи бо нафаре ҳамсуҳбат шуданро доред. Барои амалӣ кардани он шарт нест, ки то охири рӯз рӯзи истироҳатиро интизор шавед. Нафароне, ки бароятон ваъда карда буданд, иҷро намекунанд. Шартномаҳои заруриро сари вақт ба анҷом расонед. Сафари тӯлонӣ шуморо интизор аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД