shoh palace
ТОЛЕЪНОМАИ 12-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2022
2756


                                  Ҳамал
Ҳодисаҳои ногувори нимаи аввали рӯз боиси фишори руҳӣ ва аз даст рафтани нерӯи зиёдатон мегардад. Дучори иғвогариву беилтифотии атрофиён мегардед. Ба дағалӣ бо дуруштӣ посух нагӯед, оромона аз пайи кори худ шавед. Ҳар қадаре барои расидан ба мақсад боисрор бошед, ҳамон андоза имкони пулкоркуниро пайдо месозед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи созгор аст.

                                   Савр
Мушкилиҳои молиявиатон бобарор анҷом меёбанд. Муваффақият шуморо дар корҳои тиҷоратӣ ва эҷодиёт ҳамсафар мегардад. Меҳнати зиёд мекунед, вале натиҷааш хотиратонро шод мегардонад. Аз ҷониби шахси дӯстдошта норизогиву танқид дида мешавад, вале ин чизҳо наметавонанд хотири шуморо мағшуш намоянд. Серҳаракатӣ ва сайругашт дар ҳавои тоза саломатиятонро беҳтар месозад.

                                 Ҷавзо
Бо вуҷуди пуртоқативу поквиҷдониятон имрӯз аз кам будани таҷриба ба муваффақият ноил намегардед. Бо ҳамкорон ё шахсе, ки дӯсташ медоред, нофаҳмӣ рух медиҳад. Дар ягон кор таваккал накунед, вагарна ба вазъияти душвор ё гурӯҳи бадкирдороне ворид мегардед, ки аз кори карда сахт пушаймон мешавед. Ба касе пул доштани худро нагӯед, вагарна нафаре аз шумо қарз мепурсад. Саломатиро дар ҷои авал гузоред.

                                  Саратон
Рӯзи санҷишу имтиҳон аст. Ҳамаи атрофиён ба асаби шумо расида, ба ғазаб меоранд. Андаке нофаҳмӣ бо шахси дӯстдошта боиси муноқишаи калон ва ҳатто сабаби ҷудо шуданатон мегардад. Ҳисобу китоби боандеша аз мушкилиҳои ҷиддии молиявӣ эмин медорад. Оббозӣ тамоми хастагиву изтиробро аз вуҷудатон мебарорад.

                                        Асад
Дар ин рӯз иродаву хислати устувори худро нишон доданатон лозим меояд, то ки ба ҳуҷуми атрофиён ҷавоби арзанда дода тавонед. Пешниҳоди хуби кориро рад накунед. Пулҳоятонро барои ниёзи фарзандон ва доруворӣ сарф кардан лозим меояд, вале дар ҳамин ҳол низ пулро сарфа карданатон лозим аст. Шахсеро, ки дӯст медоред, ба кӯмаку дастгириятон ниёз дорад. Ба саломатии гурдаву миён диққати хоса диҳед.

                               Сунбула
Дар ин рӯз ба бахилии пинҳонӣ ва ҳуҷуми рӯирости душманон омода бошед. Имрӯз дар хотиратон дергоҳ нақш мебандад, аз ин рӯ, сабру таҳаммулро пеша намуда, ба воҳима наафтед. Фишори руҳиятонро танҳо мулоқоти ошиқона рафъ месозад ва муътақид мегардед, ки муҳаббат муъҷизаофар аст. Агар кори сердаромад мехоста бошед, ба меҳнати вазнин омода бошед.

                                     Мизон
Ҳодисаҳои асосии рӯз бо ҷойи коратон алоқамандӣ дорад. Мушкилиҳои молиявӣ, ташвишу руҳафтодагӣ табъатонро хира месозад. Аз муноқишаҳои ногаҳонӣ, ки оқибати ногувор меорад, худдорӣ намоед. Ба сифати маҳсулоти мехӯрдаатон бодиққат бошед. Аз ҷониби шахси дӯстдоштаатон меҳрубонӣ ва ғамхорӣ эҳсос мекунед. Эҳтимоли хуруҷ намудани бемориҳои музмин дар назар аст.

                                Ақраб
Рӯзи хубест барои маъракаву ҷашнҳо, хостгорӣ ва бастани ақди никоҳ. Нафароне, ки ба тозагӣ тиҷорати худро кушодаанд, бояд хеле фаъол бошанд. Вазъи молиявиатон муътадил набошад ҳам, кафолати он ки маблағ ба даст меоред, вуҷуд дорад. Ҳар қадаре шумо некандеш бошед, ҳамон андоза орзуҳоятон зудтар амалӣ мешаванд. Дар бораи шахси дӯстдоштаатон фикри бад накунед. Аз дарди сар азият кашиданатон эҳтимол дорад.

                               Қавс
Қавсҳои муҷаррад бахти худро дар ин рӯз пайдо месозанд. Барои он ки ба бахти шумо чашми бад нарасад, бурдбории худро ба ҳама нақл карда лоф назанед. Нафароне, ки ба сафари хидматӣ мебароянд, ташвиши зиёд ба сарашон омада, пули зиёд сарф мекунанд. Қаҳру ғазаби худро ба касе нишон надиҳед, хусусан ҳангоми робита бо нафарони ношонос. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.

                               Ҷаддӣ
Барои ба даст овардани касбу кори деринтизор заҳмати зиёд кашиданатон лозим меояд. Аз дастгирии нафарони воломақом истифода бурда, ҳунару маҳорати худро дар амал нишон медиҳед. Раҳмдилии модарзодӣ боиси рафъи муноқиша бо дӯстдоштаатон мегардад. Мардҳоро вохӯрие дар пеш аст, ки боиси пушаймонӣ мегардад.


                                  Далв
Рӯзи душвор аст, нобарориҳо аз ҳар тараф пайдо шуда, табъатонро хира месозанд. Аз нуқтаи назари дигарон вобаста буданатон эҳтимол дорад, аз ин рӯ танҳо буданатон беҳтар аст. Аз атрофиёни худ ранҷида, дамдузд мешавед ва ҳатто нақшаи интиқом мекашед. Ҳар як қадами худро боандеша гузоред, хусусан дар масъалаҳои пулӣ. Аз серкорӣ дӯстдоштаи худро фаромӯш накунед. Ба саломатии наздикони худ диққат диҳед.

                            Ҳут
Рӯзи душвор аст. Танбаливу руҳафтодагӣ эҳсос карда, ба ҳодисаҳои атроф бефарқ менигаред. Ин ҳолати шумо то даме давом мекунад, ки ҳодисае таваҷҷуҳатонро бедор созад ва хеле зиндадилу серҳаракат мешавед. Дар ҳаёти шахсӣ аз хиёнату фиреб эҳтиёт шавед. Кӯшиш намоед, ки дар вақташ хоб карда, хӯроки серғизо истеъмол намоед, ба заиф шудани масунияти бадан имкон надиҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД