Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз асабиву зудранҷ мешавед, вале ҳар сухан ва қадаматон таъсири қавӣ дорад. Ба шахси дӯстдошта озодӣ диҳед, то нофаҳмӣ пеш наояд. Дар кор роҳбарият шуморо дастгирӣ мекунад ва хатоҳои хурдро мебахшад. Агар кори наверо оғоз кунед, он метавонад ба манбаи даромади хуб табдил ёбад. Барои муваффақият сабру ботамкинӣ нишон диҳед ва нерeятонро ба самти дуруст равона созед.
Cавр (21 апрел-21 май)
Рӯз барои мулоқот ва беҳтар кардани муносибати ошиқона мувофиқ аст. Агар гармии муҳаббат кам шуда бошад, имрӯз метавонед онро зинда созед. Бо аҳли оила ё дӯстони наздик суҳбати самимӣ анҷом диҳед, оромӣ ва нерӯи нав мегиред. Дар кор фаъол ҳастед ва метавонед натиҷаҳои хуб ба даст оред. Барои хароҷоти ғайричашмдошт бояд захираи пулӣ дошта бошед. Бо таҷҳизоти барқӣ эҳтиёткор бошед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз эҳсосот баланд мешавад, аммо пеш аз ҳар қадам ду бор андеша кунед. Ишқбозӣ ва муҳаббати шахси дӯстдоштаатон рӯҳатонро болида мекунад. Дар касбу кор вақти хуб барои анҷоми корҳои нотамом ва ба тартиб даровардани нақшаҳост. Қувваи зиёд доред, вале худро аз ҳад хаста насозед. Барои нигоҳ доштани саломатӣ истироҳатро фаромӯш накунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Шахси наздик метавонад бо сухан ё рафтораш шуморо биранҷонад, вале ором сeҳбат кардан беҳтар аст. Аз баҳсу моҷаро худдорӣ кунед ва рӯзро барои таҳлил ва банақшагирӣ истифода баред. Барои хароҷоти оянда аз ҳозир омодагӣ гиред. Ба ғизои солим диққат диҳед, сабзавоту меваҳои тару тоза бештар истеъмол кунед. Ғизои дуруст қувва ва масуниятатонро меафзояд.
Асад (23 июл-23 август)
Хабар ё сирре, ки имрӯз мешунавед, фоида намеорад, онро фаромӯш кунед. Ба шахси дӯстдошта озодии бештар диҳед, то муҳаббататон қавӣ шавад. Дар ҷои кор рӯз ором мегузарад, аммо баъзе нақшаҳои кӯҳна метавонад ногаҳон натиҷа диҳанд. Аз машғул шудан ба варзиши хатарнок ё корҳои хавфнок худдорӣ кунед, то осеб набинед. Агар шумо мошин меронда бошед, дар ин рӯзҳо пиёда гаштанатон беҳтар аст.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Энергияатонро барои корҳои беарзиш сарф накуне, онро ба эҷод, мулоқотҳои самимӣ ва муносибатҳои нек равона созед. Имрӯз шумо шахси ҷолиб ҳастед, ки диққати дигаронро ҷалб мекунад. Дар касбу кор мумкин аст вазъият каме мураккаб шавад, аммо бо маҳорати худ тамоми мукшилиро ҳал мекунед. Аз хӯроки носолим ва одамоне, ки табъатонро хира месозанд, дурӣ ҷӯед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Меҳрубонӣ ва мулоимии шумо имрӯз одамонро ҷалб мекунад. Дар масъалаҳои шахсӣ бо дӯстдоштаатон эҳтиёткор бошед, ҳар сухани гуфтаатонро метавонанд бар зиддатон истифода баранд. Имрӯз кор зиёд аст, вале шумо қодир ба идора кардани он ҳастед. Аз харидҳои калони хавфнок худдорӣ намоед. Агар рӯҳафтода шавед, бидонед, ки ин ҳолати шумо муваққатист.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар муносибатҳои ошиқона ҳақиқате ошкор мешавад, ки шуморо ба фикр кардан водор мекунад. Ба ҷои дар дигарон айбҷӯӣ кардан, аввал ба худ назар кунед. Шумо ҳам моҳи беайб нестед. Имрӯз беҳтараш нақшаҳои кӯҳнаро ба анҷом расонед ва аз сафар ё оғоз кардани кори нав худдорӣ намоед. Ба наздикон бештар аҳамият диҳед, онҳо низ ба ғамхории шумо ниёз доранд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Агар муҳаббати худро ҳанӯз пайдо накарда бошед, ноумед нашавед, шиносоии ҷолиб метавонад наздик бошад. Бетаҳаммулӣ ва саркашӣ метавонад мушкил оварад, хусусан дар муҳити корӣ. Шояд пешниҳоди вазифаи баландтар гиред, вале масъулият ҳам бештар мешавад. Аз ғизои шубҳанок дурӣ ҷӯед, то аз бемор шудан эмин бошед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз вақти халос шудан аз изтироб ва хушбинона ба зиндагӣ нигоҳ кардан аст. Агар оиладор бошед, аз ишқбозии бемаънӣ канорагирӣ намоед, то оилаатон вайрон нашавад. Нафарони муҷаррад метавонанд муҳаббатро дар ҷои кор пайдо кунанд. Вазъи молиявиро бодиққат таҳлил карда, хароҷотро назорат кунед. Парҳез дар ин рӯз натиҷаи зиёд намедиҳад, ба ҷисми худ фишори зиёд наоред.
Далв (21 январ-20 феврал)
Орзуҳои ошиқона метавонад шуморо аз корҳои муҳими ҳаррӯза дур созад, вале вазифаҳои асосиро фаромӯш накунед. Дар хона муҳити орому дӯстона ҳукмфармост, онро нигоҳ доред. Имрӯз вақти хуб барои омӯзиши нав ва хариди деринтизор мебошад. Барои ташхису табобат намудани беморие, ки чанд муддат шуморо азият медиҳад, вақту маблағро дареғ надоред.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Эҳсос мекунед, ки вақти тағйироти ҷиддӣ расидааст. Иваз кардани муҳит ҳам барои оиладорон ва ҳам барои нафарони муҷаррад фоидаовар аст. Имрӯз эҳтимоли гирифтани маълумоти нодуруст зиёд аст, аз ин рӯ манбаъҳоро дақиқ санҷед. Муваффақияти молӣ имкон дорад, агар корро бо меҳнат ва садоқат анҷом диҳед. Ба саломатӣ аҳамият диҳед.